Тими миллии футболи Тоҷикистон дар бозии санҷишии пеш аз оғози Бозиҳои интихобии Ҷоми Осиё — 2027 бо мунтахаби Камбоҷа рақобат мекунад.
Дар ин бора Федератсияи футболи кишвар иттилоъ дода, навиштааст, ки ин дидор санаи 5-уми июн доир мегардад. Ин бозии дӯстона дар пойтахти Камбоҷа шаҳри Пномпен сурат мегирад.
Пасон миллипӯшони тоҷик барои анҷом додани рақобат, дар доираи бозии даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё, ки 10-уми июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити» баргузор мешавад, ба шаҳри Капаси Филиппин сафар мекунад.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё дар гурӯҳи «А»-и рақобатҳои интихобӣ бо дастаҳои мунтахаби Филиппин, Тимори Шарқӣ ва Малдив қарор гирифтааст.
Рустам Зоиров
радиои «Тоҷикистон»
Акс аз саҳифаи расмии ФФТ