Дирӯз дар Китобхонаи миллӣ маҳфили «Тоҷикшиносӣ» — и шоири халқии Тоҷикистон — Хайрандеш, зери унвони «Куруши Бузург — Зулқарнайн» баргузор гардид. Маҳфили мазкур бо ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ» роҳандозӣ шуда, дар он адабиётшиносон, устодон, кормандони Китобхонаи миллӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар оғози маҳфил Салимабону Раҷабова муовини директори Китобхонаи миллӣ суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Куруши Кабир дар миёни шоҳаншоҳони аҳди қадим яке аз оқилтарин, боинсофтарин, одилтарин ва дурандештарин шоҳаншоҳ буд, ки тамаддунсозию давлатдорӣ ва хислатҳои ҳамидааш нуфузи оламгир ёфт.
Дар идомаи маҳфил Раҳмоналӣ Мирализода директори нашриёти «Адиб» дар мавзуи «Куруши Бузург — Зулқарнайн» баромад карда, қайд намуд, ки Мавлоно Абулкаломи Озод тамоми сарчашмаҳои динӣ, таърихӣ ва адабиётро омӯхта, бо истифода аз маълумотҳои ҷамъовардааш ба хулосае омад, ки Куруши Кабир ҳамон ҳазрати Зулқарнайн аст, ки дар китоби муқаддаси мусалмонон — Қуръон оварда шудааст ва ин ҳамаро дар китоби худ «Куруши Бузург — Зулқарнайн» ба тафсил навишааст.
Ҳамчунин, дар маҳфили «Тоҷикшиносӣ» сурудҳо аз ҷониби овозхонҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон иҷро гардид. Дар охир миёни иштирокчиён саволу ҷавобҳо сурат гирифт. Ёдовар мешавем, ки Маркази «Тоҷикшиносӣ» баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандустию хештаншиносӣ ва рушди фарҳанги миллӣ то имрӯз маротибаи ҳафтум аст, ки маҳфил мегузаронад ва дар он мавзуҳои гуногун оид ба таърих ва худшиносии миллӣ баррасӣ мегарданд.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои «Тоҷикистон»