Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон барои роҳ ёфтан ба даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё — 2025 (U17) бо ҳамсолони худ аз Кореяи Ҷанубӣ рақобат мекунанд.
Имрӯз соати 22:15 дақиқа (бо вақти Душанбе) футболбозони навраси тоҷик дар доираи вохӯриҳои даври 1/4 ниҳоии мусобиқа бо наврасони кореягӣ дидор мекунанд.
Бозӣ дар варзишгоҳи «Шоҳзода Абдуллоҳ Ал-Файсал Спортс Сити»-и шаҳри Ҷидда сурат мегирад.
Ғолиби ҷуфти мазкур бо дастаи мизбон Арабистони Саудӣ, ки дирӯз бар Ҷопон пирӯз гардида, ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфт дидор анҷом медиҳад.
Ба футболбозони навраси тоҷик барор хоҳонем!