ДАСТАИ МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-17) БА ҶОМИ ҶАҲОН-2025 РОҲХАТ ГИРИФТ

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025-ро бомуваффақият анҷом дода, ба даври чорякниҳоии ин мусобиқа роҳ ёфт.

Дастаи мо дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «D» бар тими Эрон ғалаба кард – 3:1. Ин ғалаба ба тими Тоҷикистон имкон дод, ки дар гурӯҳ мақоми якумро ишғол карда, роҳхати Ҷоми ҷаҳон-2025-ро, ки моҳи ноябр дар Қатар баргузор мешавад, ба даст орад.

Ба ин тартиб, мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бори сеюм дар таърихи худ ба қисми ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт. Қаблан наврасони мо дар чемпионатҳои ҷаҳон дар Кореяи Ҷанубӣ (2007) ва Бразилия (2019) ширкат карда буданд.