Пайвастани хатти интиқоли барқи баландшиддати барқии қитъаи Датка-Суғди КАСА-1000 ҳодисаи таърихӣ мебошад

31 марти соли 2025 дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон дар доираи анъанаҳои неку мардумсолории миллати тоҷик, ки аз таърихи ҳазорсолаи муносибатҳои неку ҳасана ва ҳамзистии осоишта бо ҳамсоягон сарчашма мегирад, руйдодҳои басо тақдирсозу хотирмон сурат гирифт.

Бо иродаи бузурги сиёсӣ ва дипломатияи сатҳи байналмиллалӣ байни се давлати ҳамсоя- Тоҷикистон ва Қирғизистону Узбекистон басо рӯзи таърихӣ гардид. Дар як рӯз якчанд масълаҳое, ки барои ҳарсе давлати ҳамсоя ва кулли минтақа аҳамияти бузурги таърихӣ доранд, ҳалли худро пайдо намуданд.

Имзо шудани санади таърихиву ояндасози масъалаҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, муайян гардидани нуқтаи васли сарҳадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳуриҳои Қирғизистону Узбекистон ва пайвастани хатти интиқоли барқи баландшиддати барқии 500 киловолтаи қитъаи Датка-Суғди КАСА-1000, ки Осиёи Марказиро бо Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои ин рӯзи таърихӣ шуд.

Ин нуктаи басо муҳим зимни мулоқотҳои дуҷониба ва сеҷонибаи сарони ҳарсе давлати ҳамсоя — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, муҳтарам Садир Жапаров ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва ҳамчунин зимни ҳама чорабиниҳои дигари ин рӯз бо хушнудию қаноатмандӣ таъкид гардид.

Бояд махсус хотирнишон намуд, ки ташаббускори асосӣ ва нахустини бунёди хатти барқии баландшиддати КАСА-1000 Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд. Ин лоиҳаи бузург ва камназири минтақавӣ ҳамроҳ бо неругоҳи тақдирсози Роғун, ки эҳёгари бунёди он низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, кишвари моро натанҳо ба истиқлоли энергетикӣ мерасонанд, балки ба як содиркунандаи бузурги неруи барқ дар минтақа табдил хоҳанд дод.