Баргузории даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ.

Дар озмун донишҷӯёну магистрантон ва омӯзгорон аз рӯи номинатсияҳои «Адабиёти классикии тоҷик», «Адабиёти муосири тоҷик» ва  «Адабиёти ҷаҳон» иштирок намуданд. Ғолибон аз ҷониби комиссияи салоҳиятдор муайян карда шуда, барои иштирок ба даври дуюми озмун ҷалб карда мешаванд.

Зимни ифтитоҳи озмун муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Рамазон Абдуллозода иброз намуд, ки Ҳукумати мамлакат бо роҳбарии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди анъанаи китобдорию китобхониро яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангӣ қарор додааст. Бо ин мақсад ҳамасола дар ҷумҳурӣ Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мешавад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки бо Амри Президенти Тоҷикистон барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат ба рушди ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат доир мегардад.