“Тоҷикистон”: Гӯштфурӯшон барои боло бурдани нарх муҷозот шуданд (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла нақши Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди кишвар,  коҳиши фоизи қарзҳои бонкӣ, таҷлили солгарди Рӯзи матбуоти тоҷик ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 11 март мақолае бо номи “Андешаҳо дар бораи нақши паём дар рушди соҳаҳои зиндагисоз” чоп карда, масъалаи нақши Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро аз дидгоҳи соҳибназарон матраҳ кардааст.

Профессор Шариф Раҳимзода раҳбари пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи АМИТ дар ин замина гуфтааст, ки қисми бештари Паём ба соҳаи иқтисодиёт бахшида шудааст, зеро иқтисодиёт асос ва гарави ҳастии ҷомеа мебошад.

Ба гуфтаи профессор Раҳимзода таъмини афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ вазифаи асосӣ ба ҳисоб меравад ва дар чор соли охир суръати рушди иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 8,5 фоизро ташкил намуд, ки он аз рӯи сатҳи рушд дар солҳои 2001-2024 баъди панҷсолаи аввал ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Номбурда дар идома меафзояд, ки бо дарназардошти зарурати таъмини рушди босуръати иқтисодиёти кишвар ва ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ тавассути бозори коғазҳои қиматнок, бахусус коғазҳои қиматноки «сабз»,  гузариш ба “иқтисоди сабз” то соли 2037 ва воқеан ба «кишвари сабз» табдил додани Тоҷикистон ҳадафест, ки дар Паёми пешини Пешвои муаззами миллат эълон гардида буд.

Ба хулосаи Шариф Раҳимзода иҷрои дастуру супоришҳо аз Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки суръати баланди рушди иқтисод, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, иҷрои нишондиҳандаҳои дигари макроиқтисодии пешбининамуда таъмин гардида, барои ҳарчи тезтар расидан ба ҳадафҳои миллии мардуми Тоҷикистон шароити мусоид муҳайё карда шавад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 12 март ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Ҳисор. Чаро ёздаҳ корхонаи саноатӣ фаъолият накард?” чоп кардааст. Муаллиф менависад, ки соли гузашта дар шаҳри Ҳисор аз 119 корхонаи истеҳсолии саноатӣ ёздаҳ корхона тамоман фаъолият накардааст. Ҳамчунин, дар понздаҳ корхонаи саноатӣ иқтидори истеҳсолӣ кам гардидааст. Сабабу омилҳои ба чунин мушкилот мувоҷеҳ гардидани саноати шаҳр дар чист?

Пайрав Сайфиддинов, мудири бахши саноати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, зимни тавзеҳи ин мавзуъ гуфтааст, ки бештари ин корхонаҳо ба далели беэътибор донистани қарорҳои собиқ раисони шаҳри Ҳисор дар бораи ҷудо кардани қитъаҳои замин ба ин корхонаҳо,  аз фаъолият бозмондаанд.

Дар идома таъкид мешавад, ки соли гузашта дар шаҳри Ҳисор корхонаҳои расман фаъолиятдошта ба маблағи 233 миллиону 622 ҳазор сомонӣ молу маҳсулот тавлид намудаанд, ки  дар муқоиса ба соли 2023-юм 39 миллиону 249 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Суръати рушд дар корхонаҳои расмӣ аз ҳисоби кам гардидани иқтидори истеҳсолот дар понздаҳ корхонаи саноатӣ ба маблағи 73,8 миллион сомонӣ коҳиш ёфтааст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 12 март бо нашри матлабе хабар дод, ки милитсияи Душанбе давоми ҳафтаи охир алайҳи 10 нафар гӯштфурӯш барои беасос баланд бардоштани нархи гӯшт парвандаи маъмурӣ боз карда, онҳоро ҷарима кардааст.

Бар асоси моддаи 555-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, ҷарима барои чунин қонуншиканиҳо вобаста ба мақоми шахс гуногун муайян шудааст: аз 1500 то 3000 сомонӣ барои соҳибкороне, ки бо патент кор мекунанд;  аз 3750 то 4500 сомонӣ барои шахсони мансабдор; аз 4500 то 6000 сомонӣ барои соҳибкороне, ки бо шаҳодатнома фаъолият мекунанд ва аз 150000 то 225000 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти корҳои дохилии Душанбе эълом доштааст, ки санҷишҳо минбаъд низ идома хоҳанд ёфт ва дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои дигар, фурӯшандагон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар идомаи матлаб зирк мешавад, ки ҳарчанд сатҳи таваррум дар кишвар муътадил боқӣ мондааст, вале болоравии нархи ғизо, бахусус гӯшт, равған ва сабзавот мушоҳида мешавад. Тибқи омори расмӣ, нархи гӯшти гову гӯсфанд дар муқоиса бо моҳи январи соли 2024 то 25% боло рафтааст.

Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 13 март дар матлабе хабар дод, ки ахиран дар шаҳри Душанбе ҳамоише таҳти унвонӣ “Синфи миёна дар Тоҷикистон: арзёбиҳо, дастовардҳо ва қадамҳои оянда” баргузор шуд.

Дар ин ҳамоиш зикр гардид, ки аз нуқтаи назари иқтисодӣ, синфи миёна тавлидкунандаи талабот ба мол ва хизматрасонӣ мебошад ва баробари афзудани даромад чунин талабот торафт мукаммалтар ва гуногунсамт мегардад, ки ба торафт бештар истифода намудани навоварӣ мусоидат мекунад. Яъне намояндагони синфи миёна дорандагони чунин арзишҳое мебошанд, ки барои рушди устувори иқтисодиёт, ҷамъият, умуман, кишвар муҳим мебошанд.

Вобаста ба самтҳои асосии афзоиши синфи миёна таъкид карда шуд, ки дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» интизор меравад, ки ҳиссаи синфи миёна дар аҳолӣ то 50% расонида мешавад.  

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 13 март бо нашри матлабе масъалаи раванди коҳиши фоизи қарзҳои бонкӣ дар Тоҷикистонро матраҳ кардааст.

Муаллиф аз қавли раҳбарияти Бонки Миллии Тоҷикистон менависад, ки дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои қарзӣ барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати кам кардани фоизи қарзҳо талош доранд. Ба гуфтаи Фирдавс Толибзода раиси БМТ дар як соли охир баҳраи қарзҳои бонкӣ  1,1 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

Дар идома таъкид мешавад, ки бино ба маълумоти БМТ, меъёри фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ 22,88 фоизро ташкил дод. Дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар соли 2018 26 фоиз буд.

Гуфта мешавад, ки соли 2024 бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон дар умум ба муштариён 24,6 миллиард сомонӣ қарз пешниҳод кардаанд, ки нисбат ба соли қаблӣ қариб 30 фоиз зиёд аст.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”