Gallup: Тоҷикистон дар раддабандии амнияти ҷаҳонӣ мақоми дуюмро соҳиб шуд

Тибқи гузориши ширкати байналмилалии тадқиқотии Gallup оид ба амнияти глобалӣ барои солҳои 2025–2026, Тоҷикистон аз рӯи ҳисси амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷаҳон мақоми дуюмро ишғол кард.

Дар ин раддабандӣ ҷойи аввал ба Сингапур тааллуқ гирифтааст. Натиҷаҳои назарсанҷие, ки дар 142 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, нишон медиҳанд, ки 98 дарсади сокинони ин кишвар ҳангоми сайругашти шабона худро комилан амн эҳсос мекунанд.

Бинобар маълумоти гузориш, Тоҷикистон бо нишондиҳандаи 95 дарсад дар ҷойи дуюм қарор гирифта, баъдан Чин ва Уммон (94 дарсад), Арабистони Саудӣ (93 дарсад), Кувайт ва Норвегия (91 дарсад), инчунин Баҳрайн ва Аморати Муттаҳидаи Араб (90 дарсад) ҷой гирифтаанд.