Таҷлили бошукӯҳи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар боғи “Алишер Навоӣ”

Имрӯз аз ҷониби Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилӣ ва бо як шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз дар ҳамҷоягӣ бо шабакаи телевизиони “МИР” дар боғи “Алишер Навоӣ” чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламфрӯз баргузор намуд.

Дар чорабинии бошукӯҳи идона мудири шуъбаи  маорифи ноҳияи Шоҳмансур Асомиддин Бобозода, кормандони шабакаи телевизионии «МИР» кормандон, омӯзгорон ва таълимгирандагони Муассисаи давлатии “Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Шоҳмансур”-и шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.

Чорабинӣ бо навои дилнавози карнай ва сурнай оғоз ёфта, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии таҳсилоти иловагӣ ва муассисаҳои таълимии ноҳия дидан намуданд.

Дар намоиш аз хони ҳафтсину ҳафтшин ва анъанаҳои миллии тоҷикон, ки рамзи баракати Наврӯз аст, дидан намуданд.

Дар оғоз мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур Бобозода Асомиддин баромад намуда, иштирокчиёнро ба ин ҷашни ниёгони миллати кӯҳанбунёди тоҷик самимона муборакбод намуда, зимни суханронии хеш иброз дошт, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросимҳои мардумӣ диққати ҷиддӣ дода, барои эҳёи арзишҳои миллӣ пайваста талош меварзад.

Пас аз суханронӣ ба як қатор иштирокчиёни чорабнии мазкур аз ҷониби шабакаи телевизионии «МИР» ба як қатор иштирокчиёну фаъолони соҳа ва ташкилотҳои ҳамкор бо диплому сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби таълимгирандагону кормандони Марказ барномаи рангини фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши ҳозирин карда шуд. Ёдовар мешавем, ки иштирокчиён ҷашни Наврӯзро бо оростани дастархони идонаи наврӯзӣ, баргузории бозиҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ, намоиши суннатҳои қадимаи аҷдодӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо як рӯҳияи баланд таҷлил намуданд.