Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳраку деҳоти Ваҳдат корҳои созандагиву бунёдкорӣ босуръат идома доранд ва ҳар нафаре, ки вориди шаҳр мегардад, дигаргуниҳои иҷтимоиву иқтисодиро мушоҳида менамояд.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Ваҳдат хабар доданд, мардуми заҳматқарини шаҳр ин ҳама ободкориҳоро аз шарофати сиёсати хирадмандона ва ташаббусу иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд.
Бино ба иттилои манбаъ, барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни миллӣ дар шаҳр корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза гирифтанд.
Ба ин муносибат дар шаҳр аз 800 иншооти нақшавӣ то ин вақт наздик ба 670 иншооти гуногунсамт сохтаву ба истифода дода шудааст. Инчунин, 122 километр роҳи маҳаллӣ таъмир гардида, феълан дар шаҳр бо ташаббусу дастгириҳои мақомоти марбута, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар дигар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ ҷараён доранд.
Сурайёи Сироҷиддин,
радиои «Тоҷикистон»
