Имрӯз дар шаҳри Душанбе ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Наврӯзи Душанбе меҳвари сайёҳӣ» баргузор гардид.
Пеш аз оғози форум намоиши аксҳо, таъомҳои миллӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ доир шуд.
Тавре ҳамкорамон Сарвинози Сайдалӣ хабар дод, дар форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода, роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони корпуси дипломатӣ, меҳмонони хориҷӣ, коршиносону муҳаққиқон ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуданд.
Форум бо мақсади ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, рушди сайёҳӣ ва муаррифии арзишҳои Наврӯз дар арсаи байналмилалӣ баргузор гардида, имсол бори панчум баргузор мегардад ва дар тўли фаъолияти худ тавонистааст намояндагони доираҳои гуногунро аз кишварҳои мухталиф ба ҳам оварада, барои баррасии масъалаҳои муҳими рушди сайёҳии фарҳанги, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ва ҷалби сайёҳон шароити мусоид фароҳам оварад.
