СММ: Беш аз нисфи сокинони Афғонистон ба кумаки башардӯстона ниёз доранд

Беш аз нисфи сокинони Афғонистон ба кумакҳои башардӯстона ниёз доранд, ки ин тақрибан 23 миллион нафарро ташкил медиҳад. Тавре агентии иттилоотии ТАСС бо истинод ба маълумоти СММ хабар медиҳад, аксари сокинони музофоти Афғонистон ба хидматрасонии тиббӣ дастрасӣ надоранд. Бисёри оилаҳо манзили бехатар надоранд.

Дар давоми як моҳи охир дар Афғонистон зиёда аз 200 муассисаи тиббӣ баста шудааст, ки ин ҳолат ба 1,8 миллион нафар таъсири манфии худро расонд, инчунин хидматрасониҳои ҳаётан муҳим барои табобати кӯдакон маҳдуд карда шуд.