Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, хабар медиҳад ҳамкорамон Сураё Сироҷиддин аз ҷараёни ин чорабинӣ.
Дар ҳамоиш муовини раиси шаҳри Ваҳдат Шоира Абдураҳимзода иброз дошт, ки дар воқеъ, рӯзноманигорӣ касби бошараф ва пурзаҳмат буда, ба ғайр аз илму дониш инчунин маҳорату истеъдод талаб менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақш ва ҷойгоҳи аҳли матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар пешбурди ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа барҳақ чунин таъкид намудаанд: «Имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чи гуна бузург аст».
Дар ҷамъомад иштирокчиён дар мавзуъҳои «Воситаҳои ахбори оммаи муосир: таҳдидҳо ва дурнамо» ва «Рӯзнома-шоҳроҳи тафаккури миллӣ» маърӯза намуданд. Дар ҳамоиш гурӯҳе аз омӯзгорону кормандони идораву корхонаҳои шаҳри Ваҳдат ва намояндагони ВАО бо Сипоснома, Ифтихорнома ва туфаҳо қадрдонӣ шуданд.