Субҳи имрўз бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи ҷашни фархундаи «Рӯзи модар» дар шаҳри Душанбе, намоиш-фурўши китоб таҳти унвони «Ҳадя ба модар» баргузор шуд. Дар ин намоиш-фурўш, силсилаи китобҳои армуғонии устод Лоиқ Шералӣ, «Дасти дуои модар», Давлат Сафар, «Қанде, ки аз остини модар хӯрдам», маҷмуаи дастаҷамъӣ, «Авсофи модар» бо ороиши зебо ва чопи босифат пешнињоди омма гардид.
Ҳамзамон муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Адабиёти бачагона» ва сарредаксяи Энсиклопедияи тоҷик китобҳои аз соли 2010 то инҷониб нашр шударо бо нархи дастрас пешниҳоди харидорон намуданд.
Ин намоиш-фурӯши китоб то соати 16:00 идома меёбад.
Г. Ниёзова