22-юми феврали соли равон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд вобаста ба ҷорӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт дар таваллудхонаи вилоятӣ, таваллудхонаи шаҳрии шаҳри Хуҷанд, таваллудхонаҳои шаҳрҳои Бӯстон, Гулистон, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Спитамен барои мутахассисоне, ки дар таваллудхонаҳо дар самти қайди таваллуд ва фавт фаъолият мекунанд, даври омӯзишӣ гузаронида шудааст.
Дар ин бора Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар дода, менависад, ки дар даври омузишӣ директори Маркази омор ва иттилооти тиббӣ Манучеҳр Шамсуллозода ва мутахассис оид ба рақамикунонии соҳаи тандурустӣ Манучеҳри Асомиддин ба иштирокчиён оид ба ҷараёни рақамикунонии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳу усулҳои амалӣ намудани системаи электронии сабти таваллуд ва фавт ва дигар масъалаҳои алоқаманди соҳа маълумот пешниҳод карданд.
Ба иттилои манбаъ, системаи электронии сабти таваллуд ва фавт яке аз унсурҳои муҳими раванди рақамикунонии соҳаи тандурустӣ мебошад, ки барои беҳтар намудани идоракунии маълумоти демографӣ ва баланд бардоштани дақиқии омор равона шудааст. Ин система на танҳо ба таври автоматикӣ сабти рӯйдодҳоро таъмин мекунад, балки имкон медиҳад, ки иттилооти мукаммал дар бораи шароити таваллуд ва сабабҳои фавт дастрас гардад.