“Садои мардум”: тарбияи ватандӯстии ҷавонон василаи муҳими муқовимат бо ифротгароӣ  аст (Шарҳи матбуот)

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд. 

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 19 феврал мақолае бо номи “Истиқлол. Аз роҳандозии сиёсати нурафзо то татбиқи ҳадафҳои стратегӣ” чоп карда менависад, ки яке аз нуктаҳои муҳими Паёми нави Президенти кишвар, муждаи истиқлолияти энергетикӣ аст.

Ба гуфтаи муаллиф, барои таъмиру таҷдиди низоми энергетикии кишвар 85,7 миллиард сомонӣ равона гаштааст ва агар мо ин корро намекардем, шояд имрӯз бе барқ мемондем.

Дар идома зикр мешавад, ки бо вуҷуди ин, пешрафти соҳаи энергетика аз афзоиши шумораи аҳолӣ ва талабот ба барқ ҳанӯз қафо мемонад.

Дар ин замина зикр мешавад, ки агар аҳолӣ 50 дарсад зиёд ва рушди саноат зиёда аз се баробар афзуда бошад, иқтидори энергетикии кишвар ҳамагӣ 28 дарсад афзудааст. Аз дигар тараф, баробари боло рафтани сатҳи зиндагӣ, талаботи мардум ба барқ меафзояд.

Ба таъкиди муаллиф, бобати ноил шудан ба истиқлолияти энергетикӣ дар баробари навсозии иқтидорҳои мавҷуда, бунёди НБО «Роғун», албатта, нақши аз ҳама асосиро мебозад. НБО «Роғун», чун нишонаи муъҷази сиёсати дурбинонаи Сарвари давлат, на танҳо манбаи нуру рӯшноӣ, балки амалӣ шудани орзуҳо, корнамоӣ дар марзи номус, шарти иқтидору пойдории давлат ва омили асосии таъмини амнияти миллат ва давлати Тоҷикистон мебошад.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар ин шумора ҳамчунин мақолае таҳти унвони “Истиқлол.  Фарҳанги миллӣ ва ҷаҳонишавӣ” чоп карда, дар он масъалаи ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавиро матраҳ кардааст. Муаллиф менависад, ки айни замон расонаҳои хабарӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва маҳсулоти фарҳангии хориҷӣ, аз қабили филмҳо, мусиқӣ ва адабиёт, таъсири ҷиддӣ ба афкори мардум мерасонанд.

Ба гуфтаи муаллиф, дар шароити кунунӣ, бидуни сиёсати қавии фарҳангӣ ва ҳамбастагии мардум, махсусан қишри ҷавони кишвар ҳифзи ҳамаҷонибаи фарҳанги миллӣ тақрибан номумкин гардидааст.

Да баробари ин муаллиф зикр мекунад, ки барои муқовимат ба хурофот ва ифротгароӣ, бояд арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ – илмомӯзӣ, таҳаммулпазирӣ ва ахлоқи нек дар ҷомеа ташвиқ карда шаванд. Зеро маҳз ҷаҳолат ва нодонӣ метавонанд ҷавононро ба доми гурӯҳҳои ифротгаро афкананд. Агар фарҳанги миллӣ ба наслҳои оянда дуруст тарғиб карда шавад, хатари гаравидани ҷавонон ба равияҳои номатлуб коҳиш меёбад.

Ба хулосаи муаллиф, таърих собит кардааст, ки, агар фарҳанги як миллат заиф гардад, миллат низ тадриҷан завол меёбад. Аз ин нигоҳ, ҳифзи забон, расму оин, анъанаҳо ва арзишҳои миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд ва давлат аст. Дар акси ҳол, таҳти таъсири омилҳои бегона, на танҳо фарҳанг, балки худи миллат низ ба вартаи нобудӣ меравад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 17 феврал бо нашри матлабе таъкид мекунад, ки тарбияи ватандӯстии ҷавонон василаи муҳими муқовимат бо терроризму ифротгароӣ аст.

Ба навиштаи муаллиф, рақобатҳои шадиди геополитикӣ ва пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, ки дар мисоли амалиёти пайвастаи харобиовари низомӣ, вусъати бемамонияти ҷангҳои иттилоотӣ, ҳуҷумҳои фарҳангиву идеологӣ, густариши бесобиқаи фаъолияти даҳшатфикании ташкилоту созмонҳои террористиву ифротгаро инъикос мегардад, Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ нигарон намудааст.

Бо назардошти ин, давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ ба муқовимат алайҳи терроризму ифротгароӣ, тафриқаандозиву бегонапарастӣ, ҷалб ва шомилшавии ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои террористиву ифротгаро диққати махсус дода, бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани зуҳури чунин омилҳои номатлуб чораҳои бетаъхир меандешад.

Ба хулосаи муаллиф, тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон аз ҷузъҳои таркибии ҷараёни тарбия ба ҳисоб рафта, ҷавононро ба роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд. Аз сӯи дигар ба таъкиди муаллиф, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини оромиву осоиштагии ҷомеа аз доштани ҳисси баланди ватандориву меҳанпарастӣ ва худогоҳии миллӣ дарак медиҳад.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 19 феврал дар сармақолаи худ вазъи феълии равобити Тоҷикистон ва Эронро дар ҳошияи сафари сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ба Теҳрон, баррасӣ кардааст.

Нашрия хабар медиҳад, ки рӯзи 17-уми феврали соли равон Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо сафари расмӣ вориди Эрон шуд. Зимни ин сафар Сарвазири кишвар дар ҳамоиши сеюми иқтисодии кишварҳои ҳавзаи Баҳри Хазар ширкат кард ва ҳамчунин бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён ва дигар мақомдорони ин кишвар дидору мулоқот намуд.

Манбаъ навишт, ки дар мулоқот бо Масъуди Пизишкиён таъкид мешавад, ки “Бо такя ба зарфияти мавҷуда барои ноил гардидан ба тавофуқоти қаблӣ дар мавриди ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонидани ҳаҷми табодули мол байни ду кишвар изҳори умеду боварӣ карда шуд”.

Дар идомаи матлаб гуфта мешавад, ки айни замон 160 ширкат бо сармояи Эрон дар Тоҷикистон фаъолият дошта, дар соли 2024 гардиши тиҷорат миёни ду кишвар ба беш аз 300 миллион доллар расидааст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар ин шумораи худ ҳамчунин матлабе бо номи “Утилизатсияи нақлиёт” чоп карда, масъалаи пардохти ҳатмӣ барои нобудсозии воситаи нақлиётро матраҳ кардааст.

Ба навиштаи муаллиф, нобудсозӣ ё ба ибораи дигар “утилизатсия”-и воситаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон соли гузашта ҳатмӣ шуда буд. Мақомоти дахлдор мегӯянд, ки аз ин ҳисоб ба буҷети кишвар 1,7 млрд сомонӣ ворид шудааст.

Дар идома зикр мешавад, ки маблағи “утилизатсия” ҳангоми ба қайд гузоштани мошин ва ё гузаштан аз муоинаи техникӣ супорида мешавад ва БДА ба соҳиби мошин ҳуҷҷати тасдиқкунанда медиҳад. Баъди ба охир расидани муҳлати истифодаи мошин ин ниҳод онро бояд дар маҳали махсус несту нобуд кунад. Аммо то ҳол дар Тоҷикистон чунин ҷойи махсус вуҷуд надорад.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 20 феврал бо нашри матлабе хабар дод, ки қарзи истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба ҳолати 1 январи соли 2025 аз аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои давлатӣ ба 4,1 миллиард сомонӣ, расид. Гуфта мешавад, ки ин нишондод назар ба соли гузашта 636,8 миллион сомонӣ ё 18% зиёд аст. Дар ин миён зикр мешавад, ки қарзи аҳолӣ аз пули барқ ба 1,7 млрд сомонӣ расида, давоми соли 2024 қарзи аҳолӣ 145,5 миллион нафар афзуд.

Дар баробари ин яке дигар аз қарздорони пули барқ “Ширкати алюминии тоҷик” аст, ки дар давоми як соли охир қарзи ин ширкат қариб 220 миллион сомонӣ ё 62% афзуда, ба ҳолати 1 январи соли 2025 ба 571,5 миллион сомонӣ расидааст.

Ҳафтаномаи “Боҷу хироҷ” дар шумораи рӯзи 20 феврал бо нашри матлабе савол гузоштааст, ки “Нишондиҳандаҳои андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ чаро таъмин нашуд?”

Нашрия менависад, ки мутаассифона, кормандони мақомоти андози вилояти Суғд нақшаи тасдиқшудаи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқиро дар ҷамъбасти соли 2024 таъмин карда натавонистанд. Тибқи маълумоти Раёсати андози вилоят, нишондиҳандаи ин намуди андоз ба андозаи ҳамагӣ 88,9% иҷро гардида, ба буҷет 1млрд 124 млн сомонӣ маблағ ворид карда шуд, ки 139,7 млн сомонӣ кам мебошад.

Ба хулосаи муаллиф, аз натиҷаи таҳлилҳо бармеояд, ки сабабҳои асосии дар ин давра иҷро нагардидани нақшаи андоз аз даромади шахсони ҳуқуқӣ дар ин шаҳру ноҳияҳо, чун солҳои қаблӣ таъмин нашудани иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои корхонаҳои соҳаи истихроҷи захираҳои табиӣ, нокифоя афзоиш ёфтан ё умуман афзоиш надоштани манбаъҳои андозбандии бонкҳо дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 мебошад.

Зиёратшои Аҳмадшо

радиои “Тоҷикистон”