ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

Имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ҷаласаи корӣ оид ба шарҳу эзоҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, раиси ноҳия Дилшод Сафарзода, масъулини шуъбаву бахшҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муовинони раиси ноҳия, роҳбарони сохторҳои ноҳиявӣ, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар фаъолон иштирок намуданд.

Зимни ироаи баромадҳои расмӣ таъкид гардид, ки Паёми имсола самтҳои муҳимтарини сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро фаро гирифта, дурнамои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро барои солҳои минбаъда равшан сохтааст. Зикр гардид, ки Паём дар амалияи сиёсии давлатҳои замони муосир хусусиятҳои рамзии худро дошта, далели тафоҳум ва тавозуни сиёсӣ миёни шохаҳои мустаъқили ҳокимияти давлатӣ мебошад. Он стратегияи миёнамуҳлати амал барои давлатҳо буда, дар доираи ин санади муҳими сиёсӣ ояндаи фаъолияти соҳавии кишварҳо ба таври нақшавӣ рӯйи кор оварда шуда, барои тасдиқ ба намояндагони халқ пешниҳод карда мешавад. Дар идомаи ҷаласа ба натиҷаҳои рушди соҳавии мамлакат дар як давраи кутоҳ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, маърузачиён қайд карданд, ки бо мақсади вусаъати корҳои ободониву созандагӣ, ҷалби сармояи мустақими дохиливу хориҷӣ, иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба таҷлили сазовор аз 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳои зарурӣ равона карда шуданд.

Дар охири ҷаласа, и.в. раиси ноҳияи Фирдавсӣ Сафарзода Дилшод ба сухан баромад афзуд: «Бояд бо боварӣ иброз намоем, ки мо бо чунин мардуми ватандӯсту заҳматкаш зери роҳнамоиҳои падаронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми нияту нақшаҳои некамонро дар солҳои наздиктарин амалӣ мегардонем ва Тоҷикистони азизамонро ба як кишвари пешрафтаву неруманд ва ободу сарсабз табдил медиҳем».

Муҷиддини САЙФИДДИН,
Радиои Тоҷикистон