Дар соли гузашта истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 73,9 миллиард сомонӣ баробар шудааст

Дар соли 2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 73,9 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,6 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора Қурбон Ҳакимзода вазири кишоваарзии мамлакат имрӯз зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Қурбон Ҳакимзода гуфт, ки аз 73,9 миллиард сомонӣ, маҳсулоти растанипарварӣ 50,9 миллиард сомонӣ ё 13,4 фоиз ва чорвопарварӣ 23,0 миллиард сомонӣ ё 4,9 фоизро ташкил додааст. Ба гуфтаи вазир суръати рушди ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар муқоиса ба суръати рушди ҳамин давраи соли 2023, ба андозаи 1,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Имсол дар асоси лоиҳаи рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар қаламрави кишвар таъсиси 5 маркази логистикӣ оғоз мешавад. Қурбон Ҳакимзода вазири кишоварзии мамлакат гуфт, ки ин марказҳои логистикӣ бояд дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд, Хоруғ ва Минтақаи озоди иқтисодии Данғара сохта шаванд.

Дар робита ба кам нагардидани малах дар заминҳои кишт ва чарогоҳҳо Қурбон Ҳакимзода вазири кишоваарзии мамлакат гуфт, ки дар бисёр ҳолат худи хоҷагидорон масъулинро аз пайдо гардидани малах хабар намедиҳанд. Чунки баъди пошидани заҳрдонҳо то 15 шабонарӯз истифои замини кишт ва чарогоҳ манъ карда мешавад. Аз ин хотир мо имсол корҳои фаҳмондадиҳиро пурзур карда, аз моҳи феврал мутахасисонро барои нест кардани малах ҷалб менамоем. 

Ҳамчунин дар нишасти матбуотии Вазорати кишоваарзии мамлакат гуфта шуд, ки сабаби кам гардидани кишти пахта дар соли 2024, ин аз як тараф номусоид омаданивазъи обу ҳаво ва аз тарафи дигар дуруст истифода нагардидани марҳилаҳои кишти пахта аз ҷониби деҳқонон мебошад. Қурбон Ҳакимзода вазири кишоваарзии мамлакат таъкид намуд, ки марҳилаи кишти пахта то 15 рӯзро дар бар мегирад, вале соли гузашта кишоварзони мо ин марҳиларо то 60 рӯз расониданд, ки боиси дер рушд кардани ин растанӣ гардид ва марҳилаи ҳосилу чиниши он ба давраи тирамоҳ рост омад.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои «Тоҷикистон»