Имрӯз дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур маросими кушодашавии «Озмоишгоҳи илмӣ-таълимии гидравликаи иншоот, гидрофизика, раванди маҷро, канал ва майдонҳои обӣ» бо иштироки вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлаӣ Султон Раҳимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои об Ҷамшед Шоимзода ва роҳбару аҳли илми донишгоҳ баргузор гардид.
Таъкид карда шуд, ки озмоишгоҳ бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо мақсади тайёр намудани мутахассисони соҳаи об ва таҷрибаи амалӣ барои идоракунии устувори захираҳои об истифода бурда хоҳад шуд.
Вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимхода аз ташаббусҳои роҳбари давлат муҳарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки мо ҳамчун кишвари ташаббускор бояд мутахассисони хуберо омода созем ва фаромӯш накунем, ки сол ба сол амнияти озуқаворӣ яке аз масъалаҳои муҳим аст ва он ба таъминот бо об вобастагии зиёд дорад. Мутахассисон бояд роҳҳои нави обёрӣ, истифодаи иншооти обрасонро дар амал истифода баранд. Олимону донишҷӯён аз шароити мусоиднамудаи Ҳукумати кишвар самаранок истифода намоянд.
Хотиррасон мекунем, ки баъд аз оғози расмии кушодашави озмоишгоҳ Мизи мудаввар оид ба «Консепсияи дастгирии рушди таҳсилоти олӣ барои омодасозии мутахассисон дар соҳаи оби Тоҷикистон» ва харитаи роҳ барои татбиқи он барои солҳои 2025-2030 ба кори худ оғоз намуд.
Шоистаи Аҳмад,
радиои «Тоҷикистон»