Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон барои баромадан ба марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми Осиё — 2025, ки дар Арабистони Саудӣ баргузор мегардад бо дастаҳои Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ рақобат хоҳад кард.
Имрӯз — 23-юми январ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё, ки дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия воқеъ аст, маросими қуъракашии Ҷоми Осиё — 2025 сурат гирифт. Дар ин бора аз Федератсияи футболи кишвар хабар доданд.
Пас аз маросим маълум гардид, ки наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» қарор гирифта, рақибонаш мунтахабҳои Эрон, Уммон ва Кореяи Шимолӣ гардиданд. Даври ниҳоии Ҷоми Осиё-2025, аз 3-юм то 20-уми апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
Дар умум дар мусобиқа шонздаҳ даста дар 4 гурӯҳ — «А», «В», «С» ва «D» иштирок мекунанд. Аз марҳилаи гурӯҳӣ, аз ҳар гурӯҳ ду тими беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ меёбанд. Ҳамаи иштирокчиёни даври чорякниҳоӣ соҳиби роҳхати чемпионати ҷаҳон-2025 миёни наврасон мешаванд, ки аз 5 то 27 ноябр дар Қатар баргузор мешавад.
Рустам Зоиров
радиои «Тоҷикистон«