Баргузории мизи мудаввар дар мазӯи «Рушди инноватсияи рақамӣ дар ҳошияи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мазуи «Рушди инноватсияи рақамӣ дар ҳошияи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори он роҳбарият ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуда, маърӯзаҳо вобаста ба муҳтавои муқаррароти паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.

Дар оғози мизи гирд Хуршед Файзуллозода директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз намуд, ки ҷиҳати роҳнамоиҳои Сарвари давлат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушд ва татбиқи инноватсия, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ нақшаи мукаммали муштаракро таҳия намуда истодааст. Ин нақша соҳаҳои калидии иқтисоди миллиро дар бар гирифта, бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, самаранокии низоми маъмурӣ ва хизматрасониро баланд мебардорад.

Дар идома Ғафур Муҳсинзода муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар баромад карда, қайд намуд, ки айни замон дар пойгоҳи маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилоотии тиббӣ, модурҳои иттилоотии низоми тандурустӣ дар самти бақайдгирии таваллуд ва фавт, эмрузаронӣ, ташхисҳо, тибби хусусӣ ва кумаки беруна фаъолият мекунад, ки ин ҳама барои самаранокӣ ва сарфаи вақт мусоидат мекунад.

Дар идомаи чорабинӣ, нақшаҳои Ҳукумат барои ба роҳ мондани ислоҳоти қонунгузорӣ, ки барои таъмини рушд ва истифодаи технологияҳои муосир зарур аст, ва инчунин барномаҳои таълимии махсус барои омодасозии мутахассисони соҳа муҳокима шуданд. Гуфта шуд, ки мақсад аз гузаронидани мизи мудаввар ин муҳокимаи ҷанбаҳои муҳими сиёсати давлат дар самти рушди технологияҳои рақамӣ ва инноватсияҳои муосир мебошад. Дар анҷом чорабинӣ муколаммаи озод байни иштирокчиён сурат гирифт.

Сарвинози Сайдалӣ

радиои «Тоҷикистон»