Таҳти унвони «Шоми шеъри Тоҷикистону  Эрон» дар Китобхонаи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад

Имрӯз, 15 январ дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён  ба Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ таҳти унвони «Шоми шеъри Тоҷикистону  Эрон»  чорабинии фарҳангӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ин чорабинии фарҳангӣ шоирону нависандагон ва дигар намояндагони аҳли  фарҳанги  ду давлат-Тоҷикистону  Эрон иштирок хоҳанд кард.

Меҳмонони барномаи фарҳангӣ ба тамошои  Осорхонаи миллии Тоҷикистон  ва Кохи Наврӯз рафта, бо осори таърихию фарҳангии миллати тоҷик аз наздик шинос мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 15 январ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи сафар мулоқоту музокироти сатҳи баланди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон доир гардида, маҷмуи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.

Ҳамчунин тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистон ва Эрон чанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо мерасад.

Хотиррасон мешавем, ки дар доираи ин сафар 16 январ дар шаҳри Душанбе Анҷумани сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистону Эрон баргузор мешавад.

Ҳамчунин 15-16 январ дар шаҳри Душанбе баргузории Форуми олимон ва пажуҳишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар назар дошта шудааст. Дар ҳошияи форум иштирокчиён бо фаъолияти якчанд муассисаи илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шинос мешаванд.

Ҳамзамон меҳмонони форум мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисорро тамошо мекунанд.