«Хонуми Олиҷоҳ,
Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Молдова табрику муборакбод менамоям.
Натиҷаҳои интихоботи президентии баргузоргардида далели ҷонибдории мардум аз роҳи интихобкардаи Шумо ба сӯи рушди босуботи кишвар ва таҳкими обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Тоҷикистон ва Молдоваро анъанаҳои деринаи дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва ҳамкории созанда ба ҳам мепайванданд.
Итминон дорам, ки муносибатҳои ҳасанаи байни кишварҳои мо минбаъд ҳам тавсеа ёфта, соҳаҳои нави ҳамкориҳоро фаро хоҳанд гирифт. Омодаам, ки дар ин ҷода якҷо бо Шумо тамоми саъйю кӯшишҳои заруриро ба харҷ диҳам.
Ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатмандии комилу дар фаъолияти минбаъдаатон дар маснади роҳбари давлат комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Молдова сулҳу амонӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоӣ орзумандам».