Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Ассотсиатсияи шуроҳои занони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2025 аз 27 то 31-уми декабри соли 2024 семинари омӯзишӣ дар мавзуъҳои “Мавқеи зан-корманди мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа”,“Саҳми кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза ба муқобили шиканҷа, зуроварӣ дар оила” бо иштироки 15 – нафар кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ, аъзоёни Ассотсиатсияи шурои занони ВКД, инчунин намояндаи Раёсати амнияти дохилии ВКД, ёрдамчии муовини вазири корҳои дохилӣ- сарпарасти Ассотсиатсияи шурои занони ВКД, сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании Академияи ВКД, намояндаи Маркази матбуоти ВКД, намояндаи ҳафтаномаи ВКД “Қонун ва ҷомеа”, ҷамъ 22 нафар дар осоишгоҳи “Шоҳамбарӣ” баргузор гардидааст.
Тавре сомонаи ВКД хабар медиҳад, дар семинари омӯзиши сардори кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия, Абдулаҳадзода А.А., дар мавзуи “Принсипи манъи табъиз дар фаъолияти милитсия”, инчунин Дилноза Худобахшова дар мавзуи “Нақшаи амали солҳои 2023-2025 ба Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038”, Раиси Ассотсиатсияи шурои занони ВКД н.и.пед.,дотсент полковники милитсия Давлатшозода А.Ш., дар мавзуи “Барномаҳои давлатӣ оид ба мақоми зан дар ҷомеа ва фаъолияти кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ” суханронӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни семинари омӯзишӣ дар музокираҳо фаъолона иштирок намуда, оид ба фаъолияти босуботи занон-кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои хешро иброз намуданд. Инчунин аз ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Раҳимзода Р.Ҳ., бо ифтихор суханронӣ намуда, барои минбаъд низ софдилона иҷро намудани уҳдадориҳои хеш ва умуман барои ободии Тоҷикистони азиз саҳми босазо гузоштан баёни андеша намуданд.