Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.

Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2024 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, замина барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ гардидааст.

Ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2025, дар Озмун номинатсияи нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» низ илова карда шуда, шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ҷой ба 156 ҷой зиёд гардид.

Дар як вақт, бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳамаи ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 220 000 (нуҳ миллиону дусаду бист ҳазор) сомонӣ ҷудо карда шуд.

Ҳамин тавр, соли 2025 барои ҳар як ғолиби ҷойи сеюм 30 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 50 ҳазор сомонӣ, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи Шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.

Ҳамзамон бо ин, мукофотпулӣ барои ҳар як омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки шогирдонашон дар озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза мешаванд, 20 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Илова бар ин, хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил мекунанд, дар сурати сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан дар даври ҷумҳуриявии озмун ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд.