ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025.Тартибҳои пешбарӣ ва иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ тасдиқ шуданд

21 декабр таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи навбатии Комиссияи марказӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар доданд, дар ҷаласа бо қарори дахлдори комиссия барои мусоидат ва татбиқи дурусти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот намуна ва шакли ҳуҷчатҳо барои гузаронидани интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳо тасдиқ гардид.

Мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ субъекти раванди интихобот ба ҳисоб мераванд. Иштироки онҳо далели ба таври шаффофу ошкоро баргузор гардидани интихобот маҳсуб мешавад. Барои мусоидат ба фаъолияти муназзам ва мутобиқ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа Тартибҳои пешбарӣ ва иштироки мушоҳидони миллӣ ва байналмилалӣ дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва тасдиқ карда шуданд.

Бо мақсади баррасии саривақтии арзу шикоятҳо дар раванди интихобот гурӯҳи кории Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ин масъала ташкил гардид.

Ҳамчунин барои риоя ва татбиқи якхелаи қонунгузории интихобот барои раисони комиссияҳои участкавии интихобот Роҳнамо оид ба тартиби ҳисобкунии овозҳои интихобкунандагон дар интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ  муҳокима ва тасдиқ карда шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои гуфташуда муҳокимаҳо гардида, аъзои Комиссия оид ба моҳият ва аҳамияти қарорҳои қабулшуда фикру мулоҳизаҳояшонро баён намуданд.

Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.