28 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остона ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин ва бо шумули вазири мудофиа Шерали Мирзо ва котиби Шурои амният Насрулло Маҳмудзода дар ҷаласаи муштараки Шурои вазирони корҳои хориҷӣ, Шурои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок кардааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, роҳбарони ҳайатҳо роҷеъ ба вазъи ҳарбию сиёсӣ дар манотиқи мавриди масъулияти амнияти дастаҷамъии СААД дар давраи раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон табодули афкор намуда, ҳамчунин маълумотро вобаста ба авлавиятҳои раёсати ояндаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар Созмон шуниданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронӣ мавқеи кишварро оид ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Созмон бо тамаркуз ба вазъи амнияти дастаҷамъӣ дар Осиёи Марказӣ муаррифӣ кард.
Аз натиҷаи ҷаласаи муштарак лоиҳаи Эъломияи Шурои амнияти дастаҷамъии СААД ва якчанд қарорҳои сарони давлатҳо барои пешниҳоди минбаъда қабул гардид.