Ҳамоиши илмӣ – адабӣ дар мавзуи “Саҳми Соҳиб Табаров дар рушди интиқоди адабии тоҷик” дар Иттифоқи нависандагон

Имрӯз дар бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 100-солагии мунаққид ва адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиши илмӣ – адабӣ дар мавзуи “Саҳми Соҳиб Табаров дар рушди интиқоди адабии тоҷик” баргузор гардид. Дар ҳамоиш шоирону нависандагон, олимону адабиётшиносон, проффесорони соҳаи адабиёт ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар оғози конференсия Ато Мирхоҷа муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз намуд, ки саҳми устод соҳиб Табаров дар рушди интиқоди адабии тоҷик хеле зиёд аст, зеро он кас на танҳо як олими назарётчӣ, балки як мунтақиди амалӣ низ буданд ва дар ин самт китобҳои бисёре ҳам навиштанд.

Дар идомаи ҳамоиш Аскар Ҳаким шоири халқии Тоҷикистон баромад карда, изҳор намуд, ки фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии устод Соҳиб Табаров ба фаъолияти омӯзгорияш тавъам буда, барои насли имрӯзу минбаъдаи миллати тоҷик намунаи ибрат ва омӯзанда мебошад.

Ҳамчунин дар ҳамоиш Абдунабӣ Сатторзода адабиётшинос, доктори илмҳои филология суханронӣ карда иброз намуд, ки устод Соҳиб Табаров мунаққид ва адабиётшиноси фаъол ва пуркор буданд. Он кас асарҳои шоирону нависандагони ҳамзамони худро пайгирӣ карда, онҳоро сари вақт нақд мекарданд.

Ёдовар мешавем, ки Соҳиб Табаров соли 1924 дар деҳаи Чорраҳаи ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Устод узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор ва профессори фахрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буда, муаллифи беш аз 800 асару таълифоти илмӣ мебошад.

Ҳамзамон Соҳиб Табаров барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ҷоизаи ба номи Муҳаммад Осимии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон буда, бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Шараф», се ордени «Нишони фахрӣ» ва медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шудааст.

Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон”