Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон аввалин голи худро дар Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё ба нишон расонид, вале мутаасифона ин гол ба даста имтиёз наовард.
Рӯзи гузашта бозиҳои даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиё, дар чаҳоргонаи «С» сурат гирифт. Дастаи «Истиқлол» дар ин давр, дар сафар бо «Ал-Шарҷа»-и АМА вохӯрӣ анҷом дода, бо ҳисоби 3 бар 1 шикаст хӯрд.
Луанзинё (21), Усмон Камара (30) ва Кайо (аз пенлтӣ, дар дақиқаи 58) голҳои мизбононро ба самар расониданд. Ягона голи «Истиқлол»-ро дар рақобат Эҳсони Панҷшанбе (24) ба ҳадаф расонид.
Вохӯрии дигари ин гурӯҳ, миёни дастаҳои «Сипоҳон»-и Эрон ва «Ал-Веҳдат»-и Урдун мусовӣ 1 бар 1 ба анҷом расид.
Пас аз 5 давр «Ал-Веҳдат» бо 11 имтиёз пешсафи чаҳоргонаи «С» буда, «Ал-Шарҷа» бо 10 имтиёз дар ҷои 2-юм аст. «Сипоҳон» бо 7 имтиёз дар мавқеи 3-юм буда, «Истиқлол» беимтиёз дар ҷои охири гурӯҳ қарор дорад.
Дар даври 5-ум «Истиқлол» дар Тоҷикистон бо «Сипоҳон» ва «Ал-Веҳдат» бо «Ал-Шарҷа» дидор мекунанд. Рақобатҳои даври охири марҳилаи гурӯҳи санаи 3-юми декабр доир мегарданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки аз ҳар гурӯҳ ду даст ба марҳилаи плей-офф роҳ ёфта, ду дастаи дигар аз идомаи мусобиқа маҳрум мегарданд.
Рустам Зоирзода,
радиои «Тоҷикистон»