Минтақаҳои озоди иқтисодӣ — таконбахши рушди иқтисод

«Фаъолияти  пурсамари минтақаҳои озоди иқтисодӣ метавонад ба рушди умумии иқтисодиёти кишвар мусоидат намояд, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар созад ва Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дорои иқтидорҳои саноатӣ ва иқтисодӣ дар минтақа муаррифӣ кунад»

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Рӯзи 22 ноябри соли равон дар шаҳри Кӯлоб Форуми байналмиллалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ (МОИ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар форум намояндагони вазорату идораҳои кишвар, созмонҳои байналмиллалӣ, сармоягузорони дохиливу хориҷӣ ширкат доштанд. Форуми сармоягузориро мушовири бахши Ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Иноятулло Қосимзода бо суханони ифтитоҳӣ оғоз намуда, оид ба рушди иқтисоди миллӣ ва нақши бахши хусусӣ дар ин самт, дастгириҳои давлатӣ, имтиёзҳои давлатӣ ба соҳибкорон, рушди иқтисоди сабз дар кишвар ширкаткунандагонро ошно намуд.  

«Ҳукумати кишвар  рушди сармоягузорӣ ва сохибкориро самти афзалиятноки рушди мутавозини  иқтисоди кишвар меҳисобад ва тамоми сайъу талоши худро барои дастгирии ташаббусхои бахши хусусӣ равона намуда, дар Стратегияи Миллии Рушд барои давраи то соли 2030  дар ин самт вазифаҳои мушаххас пешбинӣ гардидааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони муколамаи озоди давлат ва бахши хусусиро таъсис дода, ба Созмони Умумиҷахонии Савдо,  Конвенсияи СММ оид ба эътирофи Қарорхои судҳои  арбитражи хориҷӣ, Конвенсияи Гаага оид ба таъиди қонунгардонии ҳуҷҷатхои расмии хориҷӣ шомил гардид, — гуфт Иноятулло Қосимзода.

Тоҷикистон кишвари агросаноатӣ буда, дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ ва саноатӣ, конҳои калони маъданҳои фоиданок мебошад.  Таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба барномаи рушди инноватсионии Тоҷикистон ворид карда шудааст, чунки иқтисоди муосирро бе чунин минтақаҳо тасаввур кардан душвор аст. Мувофиқи таҳлили  коршиносон 30%-и тиҷорати ҷаҳонӣ тавассути минтақаҳои озоди иқтисодӣ амалӣ мегардад. Дар кишвари мо 5 минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият дорад.

Тавре зимни суханронӣ дар Форуми  байналмиллалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Ашурбой Солеҳзода  таъкид намуд, ҳоло дар МОИ ҷумҳурӣ 100 ширкати ватаниву хориҷӣ ҳамчун  субъект ба қайд гирифта шудааст. Майдони умумии МОИ  1772га — ро ташкил намуда,  масохати заминҳои аз худшуда 489 гектар мебошад, ки  26 фоизро ташкил медиҳад. Аз оғози  фаъолият то ба имруз ба минтакаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ 2,5 млрд. сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст. Барои беҳтар намудани инфрасохтор аз буҷаи ҷумҳурӣ 140 млн. сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Дар ҳудуди вилояти Хатлон се минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷуд мебошад, ин  МОИ Панҷ, Данғара ва Кӯлоб. Мавҷуд будани ду фурудгоҳи байналмиллалӣ, роҳи оҳан ва роҳи автомобилгарди тибқи стандартҳои байналмиллалӣ сохташуда имкон медиҳад, то таваҷҷуҳи сармоягузорон ба ин самт ҷалб карда шавад, — гуфт муовини раиси в.Хатлон Амирхон Қурбонзода.

МОИ «Кӯлоб» соли 2019 дар 309 гектар таъсис дода шуда, соли 2020 ба фаъолият оғоз намуд. Минтақа дар назди фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб  ҷой гирифтааст ва тибқи нақша бояд  шаклан саноатӣ-инноватсионӣ гардад. Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар самти бунёди корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди минтақаи иқтисодии мазкур ва ба ин васила бо шуғл фаро гирифтани шумораи бештари аҳолии маҳаллӣ минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода мешавад.

Ҳадафи баргузории Форуми байналмиллалии сармоягузории “Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”дар шаҳри Кӯлоб низ  фаъолгардонии минтақа мебошад.

Тибқи маълумоти Роҳбари маъмурияти МОИ Кӯлоб  Мустафо Абдуллозода то ба имруз дар ин минтақа 8 ширкат ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст. Барои беҳтар намудани инфрасохтор сохтмони бинои маъмурӣ,  мехмонхона идома дошта,  гузаргохи гумрукӣ ба анҷом расидааст, зеристгохи барқӣ бо дастгирии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) бо маблағи 6,5 млн.евро сохта  шудааст, ки ин ҳама барои ҷалби сармоягузорӣ имкони хубест.

Форуми байналмиллалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади ҷалби сармоягузорӣ ва муаррифии имкониятҳои минтақа, пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ   ба сармоягузорон буд. Дар анҷоми форум якчанд созишнома ва ёддоштҳои ҳусни тафоҳум бо маъмурияти МОИ Кӯлоб ва ширкатҳои гуногуни ватаниву хориҷӣ ба имзо расонида шуданд, ки дар оянда метавонад фаъолияти МОИ-ро  боз ҳам беҳтар созад.

Хамчунин дар доираи Форуми байналмиллалии сармоягузории «Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» намоиш — фурӯши маҳсулоти дар МОИ истеҳсолшаванда доир гардид, ки соҳибкорон аз тамоми минтақаҳо ширкат доштанд.  Аз наздик дидану ошно гаштан бо маҳсулоти Тоҷикистон барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ иқдоми хуб буд, зеро сармоягузор бояд таҳлил кунад ва барои ба хулоса омадани ӯ дар самти ҳамкорӣ намунаҳои саноатӣ кӯмак хоҳанд расонид.

Дар давоми солҳои охир таваҷчуҳ ба МОИ дар кишвар бештар шуда, тағйиру иловаҳо ба қонунгузории соҳа низ ворид карда шудааст. Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвият бахшидан ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ зарур дониста шуд, ки ба қонуни амалкунанда дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, бо назардошти таҷрибаи мамлакатҳои дигар моҳи майи соли 2024 тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Тағйиру иловаҳои мазкур барои беҳтар намудани самаранокии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷиву ватанӣ ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ташкил намудани корхонаҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва камтар намудани маҳсулоти воридотӣ ба мамлакат равона шудаанд.

Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо акнун дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ширкати хизматрасон (субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ) фаъолият хоҳад кард, ки  ин ба коҳиш додани вобастагии молиявии маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз буҷети давлатӣ мусоидат менамояд.

Тағйироти дигар минбаъд дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ омодасозӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба мақомоти давлатӣ бо истифодаи технологияи рақамӣ гузаронида мешавад.

Қаблан минтақаҳои озоди иқтисодӣ фаъолияти истеҳсолӣ-инноватсионӣ доштанд, акнун онҳо ба фаъолияти «комплексӣ» фаро гирифта мешаванд. Тибқи ин қонун «Минтақаи озоди иқтисодии комплексӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки хусусияти якчанд намуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ (саноатӣ, савдо ва тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, инноватсионӣ, илмию тадқиқотӣ ва ҷорикунанда)-ро дар бар мегирад». Яъне, агар қаблан минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба як ё ду намуди фаъолият машғул буданд, акнун онҳо дар баробари савдову тиҷорат имкон доранд дигар намудҳои фаъолиятро иҷро кунанд.

Бо назардошти ин тағийру иловаҳо, ки ба Қонун «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ворид карда шуданд, зарур дониста шуд, ки ба низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Кӯлоб»,  «Суғд», «Панҷ», «Ишкошим» ва «Данғара» низ тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд. Қаблан муҳлати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ 25 сол муқаррар шуда буд. Акнун ин муҳлат ба 50 сол дароз карда шуд. Воқеан ҳам муҳлати 25 сол барои сармоягузорӣ дар ин минтақаҳо кам мебошад, зеро бештари минтақаҳои озоди иқтисодӣ то солҳои 2010 кушода шуданд ва аллакай аз нисф зиёди муҳлати 25 сол сипарӣ шудааст. Барои ҷалби сармояи дарозмуддат муҳлати фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ 50 сол муайян карда шуданд.  Тағйироти дигар дар масъалаи ҳаҷми сармоягузорӣ мебошад. Пештар барои оғози фаъолияти истеҳсолӣ дар низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ сармоягузорӣ намудани на кам аз 500 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ шуда буд. Акнун, бо мақсади аз байн бурдани маҳдудият дар ҷалби сармоя иҷозат дода шуд, ки бо 300 ҳазор доллари ИМА фаъолияти иқтисодӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ пеш бурда шавад.

Масъалаи дигар муҳлати истифодашудаи таҷҳизоти технологӣ-истеҳсолии ба минтақа воридшаванда мебошад. Пештар муҳлати истифодашудаи таҷҳизоти технологӣ-истеҳсолӣ на зиёда аз 3 сол муқаррар шуда буд. Акнун муҳлати истифодаи технологияи воридшаванда на зиёда аз 2 сол мебошад. Ин тадбир барои пешгирӣ намудани воридоти таҷҳизоти кӯҳна буда, мақсади асосӣ ҷалби технологияҳои пешқадам ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад.

Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”