Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла натиҷаҳои сафари кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, роҳи қонунии муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Кореяи ҷанубӣ, суду зиёни зеҳни сунъӣ ва дигар мавзуҳо матолиби хабариву таҳлилӣ чоп кардаанд.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 19 ноябр матлабе зери унвони “Сулҳ ба хотири наслҳои оянда. Ташаббуси шоистаи Пешвои миллат, ки беназир аст” чоп карда, пешниҳодоти созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи таъмини сулҳу амният дар ҷаҳонро баррасӣ кардааст.
Муаллифи мақола профессор Эмомалӣ Насриддинзода раҳбари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ки таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ва фарҳанги волои ваҳдатофаринии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати нодиртарин дастоварди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ба даст овардани сулҳу ваҳдат маҳсуб мегардад. Зеро, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ хуб дарк намуданд, ки ба даст овардани ваҳдати тоҷикон танҳо дар сурати муколама ва гуфтушуниди тарафҳо имконпазир аст.
Ин аст, ки пешниҳоди навбатии раҳбари Тоҷикистон барои қабули “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» баҳри мубориза ва пешгирӣ аз хатарҳо ва роҳ надодан ба фоҷиаҳои навбатӣ муҳим ва саривақтӣ ҳисобида мешавад.
Ба гуфтаи муаллиф Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сиёсатмадори барҷастаи сатҳи байналмилалӣ роҳҳои асосии бартараф кардани мушкилоти ҷаҳониро қайд карда, муттаҳидии тамоми кишварҳои ҷаҳонро баҳри ҳамкориҳои созандаву бисёрҷониба муҳим арзёбӣ намуданд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 21 ноябр мақолае таҳти унвони “Пахта. Таҳлили ихтисосӣ” чоп карда, хабар дод, ки аз аввали мавсим дар кишвар беш аз 228 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст.
Гуфта мешавад, ки ба 52,3 дарсади дурнамо баробар буда, ин нишондод назар ба ҳамин давраи соли гузашта 98 ҳазору 311 тонна камтар мебошад.
Муаллиф таъкид мекунад, имсол ҳосил дар саҳро фаровон аст, аммо ба гуфтаи мутахассисони соҳа ҷамъоварии пахта дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Кӯлоб, ноҳияҳои Панҷ, Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мастчоҳ, Шаҳринаву Рӯдакӣ суст буда, кишоварзон ба кашолкорӣ ва талафи ҳосил роҳ медиҳанд.
Баҳодур Назаров, сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ, ба «Ҷумҳурият» гуфт, ки барои пурра ҷамъоварии ҳосили пахта 120-140 ҳазор чинакчӣ даркор аст.
Ҳамчунин ба гуфтаи вай, дар минтақаҳои пахтапарвари ҷумҳурӣ норасоии техникаи муосири пахтағундор мушкили рақами яки соҳа арзёбӣ гардида, гаронии нархи сӯзишворӣ ва сари вақт пардохт нагардидани ҳаққи чиниши пахта паҳлуи дигари масъала аст.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 18 ноябр мақолае таҳти уновни “Пешвои миллат ва ҳифзи мероси фарҳангӣ” чоп кардааст.
Муаллиф менависад, ки бо мақсади ҳифзу гиромидошти фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз таблиғоти ғайру фарҳанги бегона Сарвари давлатамон китоби «Қуръон»-ро дар се навбат бо теъдоди зиёда аз як миллион нусха ва китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуровро, ҳамчунин, ба ҳар як оилаи Тоҷикистон туҳфа намуданд. Ин иқдомоти бузург бо мақсади ошно намудани ҳар як фарзанди тоҷику Тоҷикистон ба таъриху фарҳанг, имондориву таҳаммулпазирӣ, дастоварду бунёдкорӣ ва ҳамзамон, шикасту ноҷуриҳои давраҳои таърихи ниёгонамон амалӣ карда шуд.
Дар баробари ёдовар гаштан аз муҳимияти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъулияти ҳар яки мо ҷиҳати ҳиссагузорӣ дар ҳифзи ин дастовард таъкид намуданд: «Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад».
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи 20 ноябр хабар дод, ки аз 16 то 18 ноябр ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи ниҳодҳои парламентӣ дар ҳошияи Конфронси 29-уми Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Боку, иштирок намуд.
Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханрониаш дар ҷаласа гуфт, ки давоми 5 соли охир ҷаҳон шоҳиди гармшавии глобалии бесобиқаи ҳаво шуд, ки сабаби хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ гардид ва ин ба амнияти озуқаворӣ ва дигар соҳаҳои иқтисоди кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ расонид.
Вай афзуд, ки ин мушкилот дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Тоҷикистон, ки кишвари кӯҳистонӣ буда, дар баробари пайомадҳои тағйирёбии иқлим осебпазир аст, монеаи ҷиддӣ эҷод менамояд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 20 ноябр бо нашри матлабе таҳли унвони “Президент дар Суғд. Аз ифтитоҳи корхонаҳо то дастур ба масъулин”, аз сафари кории президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд натиҷагирӣ кардааст.
Муаллиф таъкид мекунад, ки раҳбари давлат зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд бошад, сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров натиҷагирӣ кард.
Таъкид гардид, ки то ҷашни 35-солагии ҷашни истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд бунёду азнавсозии 12 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз беш аз 8 ҳазору 200 ададаш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар ин вилоят 52 муассисаи таҳсилоти умумӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 16 ҳазор хонанда, 57 иншооти соҳаи тандурустӣ ва беш аз 2 ҳазору 300 километр роҳҳо бунёду таъмир гардид. Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар ин давра дар вилояти Суғд зиёда аз 55 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар матлаби дигари ин шумораи худ, шартҳои муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба ҷумҳурии Кореяро тавзеҳ додааст.
Нашрия менависад, бар асоси санаде, ки миёни Тоҷикистон имзо шудааст, танҳо шахсони аз 18 то 39-сола ба Корея фиристода хоҳанд шуд. Нафароне, ки барои муҳоҷирати корӣ қабул мешаванд, ҳақ доранд то 3 сол дар Корея кор кунанд ва дар ҳолати зарурӣ ин муҳлатро то 1 солу 10 моҳи дигар тамдид кунанд.
Нуктаи муҳим ин аст, ки коргар аз Тоҷикистон бояд баъд аз поёни шартномаи корияш ихтиёрӣ Кореяро тарк кунад. Дар санад омадааст, коргароне, ки “ба кори худ содиқ буданд”, пас аз як моҳи тарки Корея метавонанд баргарданд ва ин бор шартҳои аввала пурсида намешаванд. Дар ҳолати баръакс, агар коргар “ба фаъолияти ғайриқонунӣ машғул шавад ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод кунад”, аз Корея ихроҷ мешавад.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 21 ноябр бо нашри матлабе аз ҷузъиёти созишномаи Тоҷикистон ва Қазоқистон барои фурӯши барқ аз неругоҳи Роғун сухан гуфтааст. Нашрия менависад, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ сохторҳои дахлдорро муваззаф кардааст, ки тарҳи созишнома бо ҳукумати Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи неруи барқро тасдиқ ва имзо кунанд.
Лоиҳаи созишномаи интиқоли барқ аз неругоҳи Роғун ба Қазоқистон дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудааст. Тибқи лоиҳаи ин санад, мӯҳлати қарордод барои 20 сол пешбинӣ шуда, ду ҷониб метавонанд онро то 10 соли дигар тамдид кунанд. Интиқоли неруи барқ аз неругоҳи Роғун дар Тоҷикистон танҳо дар давраи камбуд дар минтақаи шимолу ҷанубии Шабакаи ягонаи барқи Қазоқистон амалӣ хоҳад шуд.
Арзиши неруи барқ аз неругоҳи Роғун барои Қазоқистон 3,4 сент барои 1 кВт/соатро ташкил медиҳад, ҳаҷми интиқоли барқ аз рӯи ҷадвалҳои тасдиқшудаи ҳаррӯза муайян карда мешавад.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре мушкилоти афроди нобино дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Муаллиф дар ин замина бо фаъолияти Маркази тавонмандсозии Ҷамъмияти миллии нобиноён дар шаҳри Хуҷанд ошно шудааст.
Ба гуфтаи муаллиф, маркзаи мазкур 496 узв дорад, аммо устохонаи онҳо имокн надорад, ки ҳамаи ин афроди нобиноро бо кор таъмин кунад. Абдусаттор Ҷалилов муовини раҳбари Маркази тавонмандсозии нобиноён мегӯяд, ки маоши моҳонаи кормандони коргоҳ ҳамагӣ 200 сомонӣ аст. Номбурда меафзояд, ки барои боло бурдани музди кор ва ҷалби бештари кормандони нобино бо ҷои кор, маркази мазкур ба кумакӣ молӣ ва таҷҳизоти нав ниёз дорад.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”