ДДОТ: Ба даҳгонаи беҳтарин довталабон дар солҳои 2023-2024 мукофот супорида шуд

Имрӯз дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими мукофотсупорӣ ба даҳгонаи беҳтарин довталабон дар солҳои 2023-2024 сурат гирифт, ки 45 довталаби беҳтарин дар ду соли охир маълум гардиданд. Дар маросим, ки бо ташаббуси ММТ баргузор гардид – намояндагони ҳукумати кишвар, роҳбарони аввали сохторҳои марбутаи шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Интихоб намудани даҳгонаи беҳтарин довталабон аз рӯи холҳои бадастовардаашон аз ҳамаи субтестҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян карда шуда, онҳоро бо ифтихорнома ва дигар тӯҳфаҳо қадрдонӣ намуданд. Тоҷибоева Муқаддас донишҷӯи курси 2-юми Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе беҳтарин довталаби соли 2023 интихоб гардида, дар соли 2024 ин ҷой ба Акрамхон Ҷӯрабоев донишҷӯи курси якуми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дода шуд. Донишҷӯёи курси якуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон – Давлатзода Хайём ва Фарзона Мелибоева ғолибони номинатсияи “Маърифати Ҳуқуқӣ” гардида, ду нафар донишҷӯи ДДОТ ба номи С. Айнӣ – Шарифгул Рустамова ва Муҳайё Абдураҳмонзода ғолиби номинатсияи “Пешаи омӯзгорӣ гардиданд.

Ифтихорнома ва дигар тӯҳфаҳоро ба ғолибон директори ММТ – Сабзалӣ Ҷаъфарзода, Сайдулло Қувватзода – Мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилоотӣ дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Сайдулло Қувватзода ва дигар меҳмонони расмӣ тақдим намуданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки марказ маросими қадрдонии даҳгонаи беҳтаринҳои ИМД-ро аз соли 2018 шурӯъ намуда, исмол бахшида ба “соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 ва нақша чорабиниҳо оид ба баландбардории мақоми омӯзгор, ки президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар “Рӯзи дониш”, санаи 1-уми сентябр баён доштанд довталабони беҳтаринро дар бахшҳои “Маърифати ҳуқуқӣ” ва “Пешаи омӯзгорӣ” илова намуданд.