Имрӯз дар МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” Конфронси байналмиллалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Нақши Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар ташаккули давлатдории миллӣ” дар асоси Қарори Ҳукумати Иҷроияи Маркази бахшида ба 30- солагии таъсисёбии ҲХДТ ва дастури Раиси Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Конфронсро муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ифтитоҳ намуда, иштирокчиёни ҳамоиш ва кулли аъзо ва ҷонибдории ҲХДТ-ро бахшида 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки баъд аз ба даст овардани соҳибистиқлолии Тоҷикистони тозаистиқлол роҳи бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявию ягонаро интихоб намуд.
Ҳамзамон Абудаваббор Азизӣ қайд намуд, ки ҲХДТ махсули тафаккур ва андешаҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, идеяи таъсиси Ҳизби нави сиёсиро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат бошад, маҳз дар ибтидои соли 1993, Роҳбари давлат пешниход намуданд.
Инчунин дар рафти кори конфронс ба таври маҷозӣ-онлайн бо роҳбарону намояндагони Ҳизби умумироссиягии “Единая Россия”, Ҳизби коммунистии Чин, ҳизбҳои сиёсии “Амонат”-и Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҳизби сиёсии “Белая рус”-и Ҷумҷурии Беларус бо сухани табрикотӣ пайваст шуданд.
Дар интиҳои кори конфронс ҳамчун рамзи қадрдонӣ ба чанде аз фаъолони ҳизб, ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Оиномма ва барномаҳои ҳизб ва ба муносибати 30-солагии ҲХДТ саҳми арзандаи худро гузоштаанд, ба онхо сипосномаи ҲХДТ супорида шуд.
Конфронси мазкур дар сатҳи баланди ифтихори ватандорӣ ва худшиносии миллӣ сурат гирифт.
Олуфт Шарипова,
радиои “Тоҷикистон”