Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши расмҳо таҳти унвони “Ҷеҳраҳои ошно” баргузор мегардад. Дар ин бора Мирсаид Сатториён, сухангӯи донишкадаи мазкур, хабар дод.
Ба иттилои сухангӯ, дар намоишгоҳ асарҳои рассоми ҷавон, устоди Донишкада Наврӯз Саидов манзури алоқамандони соҳа гардонида мешавад. Намоишгоҳ саннаи 16 ноябри соли 2024, соати 10:00, дар намоишгоҳи доиншкада ифтитоҳ шуда, то 1 декабри соли 2024 идома меёбад.
Бояд гуфт, ки таърихи инкишоф ва шаклгирии санъати тасвирӣ дар ҷумҳурии мо марҳилаҳои зиёдеро аз сар гузаронида, имрӯз дар кишварамон дар пайи татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди санъати тасвирӣ ва муаррифии рассомони ҷавону боистеъдод тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, дар як қатор муассисаҳои таълимӣ, мактабҳои бачагонаи санъат, коллеҷу литсейҳо ва донишгоҳу донишкадаҳо мутахассисони соҳаи мазкур омода карда мешаванд.
Дар ин миён саҳми Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ҳамчун меваи замони соҳибистиқлолӣ ва натиҷаи сиёсати созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзу густариши анъанаҳои неки фарҳангии халқи тоҷик ва тайёр кардани мутахассисони соҳа назаррас аст. Ҳамасола ин муассисаи олии касбиро садҳоҳо ҷавонони соҳибистеъдод хатм намуда, ба фаъолияти эҷодиву фарҳангӣ машғул мешаванд, ки Наврӯз Саидов аз зумраи онҳост.