Додон дар интихоботи президентии Молдова шикаст хӯрд. Коршиносон аз иғво мегӯянд

 

Комиссияи Марказияи Интихоботияи Молдова эълон кардааст, ки 100  дарсади  мардум дар  интихоботи  Президенти иштирок кардаанд.  Бино ба  иттилои расонаҳои  хориҷӣ   овозҳоро Комиссияи марказии интихобот  ҳисоб кардаанд, ки  ба ҷонибдории  Майя Саду 56,28 фоиз ва  президенти Игор Додон 43,72 дарсади овозҳоро  гирифтааст.   

Рузи якшанбе  15 ноябр даври дуввуми интихоботи президентӣ дар Молдова баргузор шуд. Шаҳрвандони Молдова сарвари давлатро барои чор соли оянда интихоб кардаанд. Довталабон дар даври дуввум собик сарвазир, рабари ҳизбӣ Амал ва ҳомбастагӣ Мая Санду ва Президент Игорь Додон буданд, ки барои даври дуввуми интихобот муборизаро мебурданд. Роҳбари ҳизби Платформаи шаъну шараф Андрей Настасе ва раиси Ҳизби мо Ренато Усатии, ки дар даври якуми интихоботи президентии Молдова мухолифони Маиа Санду буданд, ӯро бо пирӯзӣ дар даври дуввум табрик карданд. Мардуми  Молдов новобаста ба ин   вазъи  пандемия  аз натиҷаи интихобот норози ҳастанд ва  гирдиҳамои  доранд. Чанде аз ин шахсоне, ки  ба  гирдиҳамои баромадаанд, чунин андеша доранд: ”Вақти он расидааст, ки мо бояд хуб зиндаги кунем. Озод нафас кашем  ҷавонон таҳсили хуб дошта бошанд. Мо мехоҳем   ояндаи кишвари мо хуб бошад. Мо мехоҳем, ки иқтисоди кишвар пешрафт бошад.Мардум  ҳамчунин   дар ин самт мушкилот надошта бошанд”.

Игор Додон

Игор Додон ба ҷонибдоронаш дар гирдиҳамои  муроҷиат карда  мегӯяд, ки  рақибонаш дар рафти интихобот ба қонуншиканиҳо даст доштаанд. “Шумо дида истодааед, ки  рақибони мо чи корҳоро анҷом додаистодаанд.Онҳо тамоми хатҳои сурхро убур карданд. Мо ба онҳо ягончиз нагуфтем.  То  санаи якуми ноябр, номи онҳоро нагуфтем ва ба онҳо ҷавоб нагардондем. То  ба онҳо ҷавоб нагардонем онҳо намефаҳманд. Ба ин хотир мо бояд  сахт муносибат кунем”- баён дошт Додон ҳангоми муроҷиат ба аҳолӣ.

 

Майя Санду

Майя Санду низ  бар он назар аст,  мардум  шахси арзандаро интихоб кардааст ва дар оянда  кишвари худро беҳтару хубтар дидан мехоҳанд. Дар ин маврид номбурда ҳангоми суҳбат  ба  хабарнигрон   гуфтааст, “ки  мо бояд мардумро аз фақру камбизоати  наҷот диҳем. Мардум медонанд, ки имрӯз вазъият чигуна аст. Мо мехоҳем, ки  мардум зиндагии хубу шоиста дошта бошанд”.

Дар  ҳамин маврид  коршиносон назарҳои  гуногун доранд.  Яке  аз коршиносони сиёсии  ин кишвар  Гайк Вартания  бар он  назар аст, ки   дар ин интихобот  иғвогарӣ дида мешавад. “Ба назари ман ҳамчун як коршиносӣ масъалаҳои сиёси 99 дар сад  дар ин давр низ иғвогари дида мешавад. Ман ин нуктаи назарро  бар он асоснок мекунам, ки  ҳуқуқшиносон ва сиёсатшиносон низ  дар ин хусус назари худро  гуфтаанд. Ин  дафъа ба назари  банда  ҷиддитар хоҳад шуд”- гуфтааст ӯ.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз 98-дарсади овозҳо ҳисоб карда шудааст.   Дар ҳоли ҳозир, участкаҳои интихоботӣ дар Канада ва ИМА фаъолияти худро идома медиҳанд.Тибқи қонунгузории Молдова, ғолиби интихобот дар кишвар номзадест, ки беш аз нисфи овозҳои дурустро гирифтааст.  Тадқиқотро як қатор ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ бо дастгирии Хазинаи Аврупо барои Демократия гузаронидаанд. Тибқи ин маълумот, Санду метавонад 55% овозҳоро ба даст орад. 45% посухдиҳандагон гузориш доданд, ки аз президенти кунунӣ Игор Додон пуштибонӣ мекунанд. Қайд карда мешавад, ки дар экзит-полл овоздиҳии диаспораҳои Молдова дар хориҷа ба назар гирифта намешавад.

Саъдӣ Ғоибов

радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *