27 август дар идомаи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкорӣ байни бародаршаҳрҳо ва пойтахтҳои ду давлат – Душанбе ва Остонаро баррасӣ намуданд.
Иброз гардид, ки муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таваҷҷуҳи махсус ба раванди мусбати ҳамкории дуҷониба дар самти робитаҳои байнипарламентӣ, байни минтақаҳо, аз ҷумла густариши ҳамгироии бисёрҷониба дар сатҳи пойтахтҳо равона гардид.
Аз пешрафту комёбиҳои шаҳри Остона ба сифати маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии Қазоқистон дар самти рушди устувор ва беҳбуди сатҳи зиндагӣ истиқбол карда шуд.
Дар зимн ба масъалаҳои густариши муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф, технологияҳои муосир, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Ба таҷрибаи Остона дар бахшҳои бунёди марказҳои муосир, иншооти инфрасохторӣ, логистика, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.
Дар шароити имрӯза табодули таҷриба дар масъалаҳои рушди устувор, рақамикунонии муҳити шаҳрӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, экология, ободонӣ ва сарфаҷӯии энергия муҳим шуморида шуд.