27.08.2025, шаҳри Роғун
Муҳтарам бунёдгарони неругоҳи барқи обии «Роғун»!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷараёни шиносоӣ бо вазъи корҳо, ки мо дирӯз дар минтақаи сохтмон анҷом додем, маълум гардид, ки нишондиҳандаҳои то имрӯз бадастомада нисбат ба боздиди соли гузашта беҳтар ва назаррас мебошанд.
Бинобар ин, ба ҳамаи шумо, ки дар ин майдони созандагиву бунёдкорӣ бо матонату шуҷоат ва эҳсоси ватандорӣ заҳмат мекашед, изҳори сипос менамоям.
Дар шароити кунунии ҷаҳони муосир, ки масъалаи амнияти энергетикӣ ба яке аз ҳадафҳои асосии ҳар як давлат табдил ёфтааст, ба анҷом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» ва пурра ба истифода додани иқтидорҳои он барои кишвари мо аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад.
Яъне бо бунёд кардану пурра ба кор андохтани «Роғун» мо имрӯзу фардои ободи Тоҷикистон ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзаву ояндаро таъмин мекунем.
Барои таъмин кардани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни аҳолии кишвар истеҳсоли ҳарчи бештари неруи барқ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мову шумо ба ҳисоб меравад.
Ду агрегати аввалини неругоҳи «Роғун» аз ибтидои баистифодадиҳӣ то имрӯз 9,1 миллиард киловатт – соат неруи барқ истеҳсол кардааст, ки маблағи он 2,1 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Соли оянда иваз намудани чархҳои кории муваққатии агрегатҳои панҷум ва шашум ба чархҳои кории доимӣ дар назар аст ва бо амалӣ гардидани ин иқдом ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ боз ҳам афзоиш меёбад.
Чархҳои кории доимӣ аз ҷониби ширкати «Фойт – Гидро»-и кишвари Австрия истеҳсол гардида, ба майдони сохтмон ворид карда шудаанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Таъмин намудани суръату сифати корҳои сохтмони неругоҳ, инчунин, дар сатҳи баланд ва бо риояи стандартҳои байналмилалӣ тезонидани бунёди сарбанд ва дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани иқтидорҳои навбатии неругоҳ ҳатмӣ ва зарур мебошад.
Ҳукумати мамлакат дар соли 2024 барои иҷрои корҳои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо кардани 2,8 миллиард сомониро ба нақша гирифта буд, вале бо дарназардошти аҳаммияти стратегии иншооти «Роғун» бо дарёфти маблағҳои иловагӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои дохилӣ барои тезонидани ҷараёни корҳо, дар маҷмуъ, 4,8 миллиард сомонӣ маблағ равона намуд.
Аз оғози соли 2025 барои корҳои анҷомёфта аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ 4,3 миллиард сомонӣ пардохт гардидааст.
Дар маҷмуъ, аз соли 2008 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои анҷом додани корҳои сохтмони неругоҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳо беш аз 48 миллиарду 100 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.
Ҳоло дар иншооти неругоҳ 18 ҳазору 300 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият дошта, шумораи мошину механизмҳо ба 3721 расонида шудааст.
Аз ҷумла тайи давраи солҳои 2024 – 2025 барои суръатбахшии корҳои сохтмонӣ ба майдони сохтмон 443 мошину механизмҳои нав ворид карда шудаанд.
Ҳозирини муҳтарам!
Корҳои сохтмони неругоҳ ба лотҳои алоҳида тақсим шудаанд, ки амалӣ намудани онҳо ба ҳамдигар вобастагии бевосита дорад.
Яъне қафомонӣ дар яке аз лотҳо боиси қафомонии корҳо дар дигар самтҳо мегардад.
Бинобар ин, фармоишгар – Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва намояндаи фармоишгарро зарур аст, ки ҷараёни корҳоро дар байни лотҳо мунтазам танзиму ҳамоҳанг намоянд.
Вобаста ба Лоти 1 зикр бояд кард, ки трансформатори гидроагрегати чорум аз ҷониби Ширкати пудратчӣ «Фойт – Гидро»-и Австрия истеҳсол ва моҳи июли ҳамин сол ба мавзеи неругоҳ ворид карда шуд.
Аз моҳи январи соли 2025 корҳои омодасозии чархи кории гидроагрегати чорум дар корхонаи Ширкати «Фойт – Гидро» идома доранд.
Инчунин, моҳи январи соли ҷорӣ дар озмоишгоҳи Ширкати «Фойт – Гидро» воқеъ дар Ҷумҳурии Олмон бо иштироки фармоишгар, намояндаи фармоишгар, намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва коршиносони мустақил озмоиши модели турбинаи гидроагрегатҳои якуму сеюм гузаронида шудааст.
Тибқи нақшаи мувофиқагардида Ширкати «Фойт – Гидро» на дертар аз моҳи сентябри соли 2027 васлу насби гидроагрегати чорумро ба анҷом мерасонад.
Лоти 2, яъне сохтмони сарбанди неругоҳ, ки аз иншооти асосиву муҳим ба ҳисоб меравад, ба уҳдаи ширкати итолиёии «Вибилд» вогузор шудааст.
Зимни боздид мушоҳида кардем, ки раванди корҳои сохтмони сарбанд аз лиҳози ташкилӣ ва суръат хуб ҷараён дорад.
Аз маълумоти пешниҳодшуда бармеояд, ки корҳои хобонидани шағал ва гилхоку филтрҳо дар сарбанд бо дарназардошти бетони кӯбида то 1104 метр аз сатҳи баҳр бо баландии 139 метр иҷро гардида, аз оғози сохтмон 33 миллиону 700 ҳазор метри мукааб мавод хобонида шудааст, ки 42,3 фоизи ҳаҷми корҳои лоиҳавиро ташкил медиҳад.
Танҳо аз моҳи октябри соли гузашта то имрӯз хобонидани мавод дар сарбанд то сатҳи 1104 метр бо баландии 91 метр дар ҳаҷми 12 миллиону 700 ҳазор метри мукааб иҷро гардидааст. Аз лиҳози ҳаҷм ин кори хеле бузург мебошад.
Бояд гуфт, ки то 9-уми сентябр – рӯзи ҷашни 34-солагии истиқлоли давлатӣ сарбанд ба нуқтаи 1110 метр аз сатҳи баҳр расонида, баландии он ба 145 метр баробар мегардад.
Корҳои сементатсияи мустаҳкамкунандаи паҳлуи рост ва чапи минтақаи ядрои сарбанд то 1100 метр аз сатҳи баҳр бо 5233 чоҳ ба дарозии 113 ҳазору 192 метр ва сементатсияи пардаи оббанд бо 391 чоҳ ба дарозии 12 ҳазору 922 метр ба анҷом расидаанд, ки 90 фоизи онҳо дар соли 2025 иҷро гардидаанд.
Корҳои нақбканӣ ва бетонхобонӣ дар нақбҳои сементатсионии қабатҳои якум, дуюм ва сеюми соҳилҳои рост ва чап тибқи лоиҳа ба анҷом расида, иҷрои корҳои сементатсияи мустаҳкамкунанда 94 фоизи ҳаҷми лоиҳаро ташкил додааст.
Корҳои нақбканӣ ва бетонхобонӣ дар нақбҳои сементатсионии қабатҳои чорум ва панҷум идома доранд.
Ширкати «Вибилд»-ро зарур аст, ки бо баланд бардоштани сарбанд дар муҳлатҳои муқарраргардида обгирии обанборро то охири моҳи сентябри соли ҷорӣ дар сатҳи 1100 метр таъмин намояд.
Ин имконият медиҳад, ки дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025 – 2026 аз ҳисоби оби дар обанбор захирашуда истеҳсоли 250 – 300 миллион киловатт – соат барқи иловагӣ таъмин гардад.
Бо ин мақсад тибқи нақшаи муқарраргардида дар соли 2026 сатҳи сарбанд ва обанбор бояд то нуқтаҳои пешбинишуда, яъне мутаносибан ба 1155 ва 1140 метр аз сатҳи баҳр расонида шавад.
Ширкати «Вибилд» бо истифода аз боду ҳавои мусоид бояд корҳоро бо реҷаи шабонарӯзӣ роҳандозӣ намояд, шумораи мошину механизмҳоро зиёд карда, захираи ҳаҷми зарурии маводи сарбандро таъмин ва барои истифодаи самаранок аз хатти конвеерӣ тадбирҳои амалӣ андешад.
Корҳои сохтмони иншооти соҳили рост, яъне Лоти 3 аз ҷониби ширкати ватании «Тоҷикгидроэлектромонтаж» иҷро гардида истодаанд.
Нақби сохтмонии қабати чорум, мустаҳкамкунии баромадгоҳи нақбҳои обпарто дар сатҳи болоӣ, нақбҳои обпартои сатҳӣ, ҳавзи мавҷшикани нақбҳои обпарто, таҷҳизоти гидромеханикии нақбҳои обпарто, нақбҳои сементатсионӣ, роҳ ва нақбҳои нақлиётии Т – 23 ва Т – 39 ба иншооти Лоти 3 мансуб мебошанд.
Дар нақби сохтмонии қабати чорум то имрӯз корҳои нақбканӣ ва мустаҳкамкунии муваққатӣ анҷом дода шудаанд ва корҳои арматурбандиву бетонхобонӣ идома доранд.
Инчунин, корҳои таҳқиқотӣ дар мавзеи «атипикӣ», яъне дар ҳолати махсуси геологӣ қарордошта ва нақби обпартои сатҳи болои рақами 1 аз ҷониби ширкати мазкур идома доранд.
Ширкати «Тоҷикгидро-электромонтаж»-ро зарур аст, ки нақби сохтмонии қабати чорумро бо тамоми иқтидори он то мавсими селобҳо, яъне на дертар аз моҳи апрели соли 2026 барои истифода омода намояд.
Дар иншооти соҳили чапи неругоҳ, ки мансуб ба Лоти 4 аст, иҷрои корҳои хокбардорӣ ва мустаҳкамсозӣ аз 1152 то 1570 метр аз сатҳи баҳр, сохтмону васлгарӣ дар нақбҳои обрасон ва сементатсионӣ, толори мошинҳо, нақбҳои ҷабанда ва бинои трансформаторҳо аз ҷониби корхонаҳои пудратӣ босуръат идома дорад.
То имрӯз дар иншооти обқабулкунакҳои доимӣ корҳои хокбардорӣ, бетонпошӣ, гузоштани анкерҳо, бетонхобонӣ ва пармагарии чоҳҳои заҳкаш аз 20 то 92 фоиз иҷро шудаанд.
Дар толори мошинҳо, мавзеи агрегатҳои якум, дуюм ва сеюм васлу насби зонуқубур ва конуси агрегатҳо анҷом ёфта, бетонхобонии атрофи онҳо идома дорад.
Дар бинои трансформаторҳо корҳои сохтмон пурра ба охир расонида шуда, корҳои омодагӣ барои васлу насби трансформатори баландшиддати агрегати чорум идома ёфта истодаанд.
Ширкатҳои зикршударо зарур аст, ки барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои бармаҳали тибқи Лоти 4 ба зиммаи онҳо гузошташуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Хотиррасон менамоям, ки барои расидан ба марҳалаи баистифодадиҳии агрегатҳои навбатӣ ҳанӯз иҷрои корҳои зиёд зарур мебошад.
Аз ҷумла, дар иншооти соҳили чап қариб 70 ҳазор метри мукааб корҳои бетонхобонӣ, тақрибан 200 ҳазор метри тӯлонӣ корҳои пармагарӣ ва гузоштани анкерҳо, инчунин, 100 ҳазор метри тӯлонӣ корҳои сементатсионӣ бояд анҷом дода шаванд.
Аз ин лиҳоз, масъулинро зарур аст, ки масъалаҳои вобаста ба интихоби ширкатҳои пудратиро тавассути озмуни байналмилалӣ ҳарчи зудтар ҳаллу фасл карда, барои сари вақт ба роҳ мондани корҳои марбут ба Лоти 4 чораҷӯӣ намоянд.
Борҳо гуфтаам ва такроран таъкид менамоям, ки корҳо дар неругоҳи барқи обии «Роғун» бояд дар сатҳи олӣ, бо истифода аз масолеҳи сохтмонии босифат, технологияҳои пешрафта ва стандартҳои ҷаҳонӣ анҷом дода шаванд.
Мо бояд устуворӣ ва мустаҳкамии иншооти баландтарини гидроэнергетикии дунё – сарбанди «Роғун»-ро ҳамаҷониба ва боэътимод таъмин намоем.
Бо ин мақсад аз соли 2010 то имрӯз дар ин иншоот 4625 номгӯй асбобҳои санҷишу ченкунӣ васлу насб шудаанд ва барои санҷиши маводу масолеҳи сохтмон озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз дар ихтиёри фармоишгари сохтмон ва пудратчиён қарор доранд.
Сохтмончиёни муҳтарам!
Ҳукумати мамлакат ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолие, ки аз минтақаи зериобшаванда кӯчонида мешавад, таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.
Мудирияти минтақаи зериобшаванда то имрӯз 15 ҳазору 400 нафар аъзои оилаҳои дар марҳалаи якум ва дуюми минтақаи зериобшаванда қарордоштаро аз ноҳияи Нуробод ва шаҳри Роғун дар ноҳияҳои Данғара, Нуробод, Рӯдакӣ, Файзобод ва шаҳрҳои Турсунзода ва Роғун бо манзилҳои доимии зист ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудааст.
Дар давраи солҳои 2011 – 2025 барои бунёди иншооти инфрасохторӣ дар мавзеъҳои нави зисти муҳоҷирон тибқи номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷети давлатӣ сохташаванда 725 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.
Илова бар ин, дар доираи созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Байналмилалии Рушд боз 233 миллион сомонӣ барои ҷуброни арзиши хона ва дигар амволи муҳоҷирон равона карда мешавад.
Ҳамчунин, барои сохтмони роҳҳои мошингарди байни деҳаҳо дар соҳили чапи обанбори «Роғун» бо дарозии 55 километр ба маблағи 280 миллион сомонӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ созишномаи қарзӣ имзо шудааст, ки аз ҷониби мудирият амалӣ мегардад.
Кӯчонидани хатти алоқаи нуриву нахӣ аз минтақаи зериобшаванда чорабинии дигари омода намудани минтақаи зериобшаванда аст, ки бояд аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии «Тоҷиктелеком» амалӣ карда шавад.
Дар соҳили рости обанбори неругоҳ дар минтақаи Обигарм – Нуробод дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 75 километр роҳи байналмилалӣ, 75 километр роҳҳои маҳаллӣ, 11 пули нав бо дарозии 1 километр, 3 нақб бо дарозии 5,9 километр ба маблағи умумии беш аз 3 миллиард сомонӣ дирӯз расман ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон бо ин, мумфарш кардани 11 километр роҳи мошингарди дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ дар қисмати гардиш аз шоҳроҳ то даромад ба маркази шаҳри Роғун бо сатҳу сифати баланд амалӣ гардид.
Илова бар ин, дар соли 2025 сохтмони як пули бузург аз болои обанбори «Роғун» бо дарозии 920 метр ба маблағи умумии 800 миллион сомонӣ оғоз гардидааст, ки соли 2028 ба истифода дода мешавад.
Қобили зикр аст, ки Ширкати «Тоҷикгидроэлектромонтаж» аз ҳисоби худ барои бо оби нӯшокӣ таъмин кардани шаҳри Роғун бо кандани се чоҳи амудӣ ба масофаи қариб 7 ҳазор метр хатти обрасонӣ сохта, ба истифода додааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари маблағгузории мунтазами неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҳисоби буҷети давлатӣ, бо мақсади ҳарчи зудтар ба анҷом расонидани сохтмони ин иншооти бузург ҷиҳати ҷалби маблағгузории иловагӣ аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.
Аз ҷумла аз соли 2020 ҳамкорӣ бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин муддат дар доираи таҳияи сохтори маблағгузорӣ бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд беш аз 300 вохӯрии мустақим ва маҷозӣ доир гардид, ки дар онҳо масъалаҳо оид ба таъмини бехатарии сарбанд, экология ва иҷтимоиёт, масъалаҳои ҳуқуқӣ ва қарордодӣ, таҳқиқоти гуногуни техникиву муҳандисии лоиҳа ва монанди онҳо баррасиву муҳокима шуданд.
Дар натиҷаи ҳамкориҳои самарабахш то имрӯз барои маблағгузории иншоот аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ дар ҳаҷми умумии 650 миллион доллар қарор қабул гардида, созишномаи грантӣ барои марҳалаи якуми лоиҳа ба маблағи 350 миллион доллар ба имзо расонида шуд.
Илова бар ин, созишномаҳои қарзии имтиёзнок бо Бонки Осиёии Сармоягузории Инфрасохторӣ ба маблағи 500 миллион доллар, бо Бонки Исломии Рушд ва аъзои Гурӯҳи ҳамоҳангсози араб (Фонди саудӣ, Фонди Кувайт ва Фонди ОПЭК) ба маблағи умумии 450 миллион доллар ва 22-юми августи соли ҷорӣ бо Фонди рушди Қатар ба маблағи 50 миллион доллар ба имзо расонида шуданд.
Ҳоло бо мақсади бастани созишномаҳои грантиву қарзӣ ба маблағи умумии 1,7 миллиард доллар гуфтушунидҳо бо Бонки Осиёии Рушд, Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ, Иттиҳоди Аврупо, Бонки давлатии сармоягузории Италия, Фонди рушди Қатар ва дигар созмонҳо идома доранд.
Ҳозирини арҷманд!
Бо мақсади дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода супоридани иншооти фосилавӣ ва иқтидорҳои навбатии неругоҳи «Роғун», инчунин, эътибори қонунӣ пайдо намудани созишномаҳои имзошуда ва ҳарчи зудтар дастрасӣ пайдо кардан ба маблағгузорӣ ба масъулин супоришҳои зерин дода мешавад:
1. Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» барои дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода супоридани иншооти фосилавӣ ва иқтидорҳои навбатии неругоҳ тадбирҳои иловагии зарурӣ андешад.
2. Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва баистифодадиҳии иқтидорҳои неругоҳи барқи обии «Роғун» иҷрои ҳатмии корҳоро тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монад ва ҳамоҳангсозии онҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.
3. Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар соли 2026 ҷиҳати ба чархҳои доимӣ иваз намудани чархҳои кории муваққатии гидроагрегатҳои панҷум ва шашум тадбирҳои амалӣ андешад.
4. Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» якҷо бо пудратчии Лоти 2 корҳои бардоштани сарбандро дар соли 2026 ба 1155 метр аз сатҳи баҳр ва обгирии обанборро то 1140 метр ва дар соли 2027 ба 1175 метр ва обгирии обанборро то 1165 метр роҳандозӣ намояд.
5. Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва намояндаи фармоишгар дар доираи Лоти 4 ҷиҳати оғози корҳои сохтмону васлгарӣ барои гидроагрегатҳои сеюм ва чорум дар обқабулкунакҳои доимӣ, шахтаҳо ва омодасозии дарвозаҳо дар мувофиқа бо Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Бонки Исломии Рушд чораҷӯйӣ намоянд.
6. Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва намояндаи фармоишгар дар мувофиқа бо созмонҳои маблағгузор ҷиҳати оғоз намудани корҳои сохтмони ҳавзи мавҷшикани нақбҳои обпартои соҳили рост ва ҳарчи зудтар оғоз кардани корҳои заминӣ ва нақбкании нақби доимии обпартои сатҳи болоии рақами 1 тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
7. Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар доираи Лоти 1 бо ширкати «Фойт – Гидро» барои то моҳи сентябри соли 2027 ба кор даровардани гидроагрегати чорум чораҳои зурурӣ андешад.
8. Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ ҷиҳати ҳамоҳангсозии корҳо бо Комиссия оид ба гузаронидани озмунҳои байналмилалӣ барои сохтмони иншооти неругоҳи Роғун, вазорату идораҳои дахлдор, ширкатҳои машваратӣ, гурӯҳи коршиносон, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
9. Вазорати молия ва Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ якҷо бо вазорату идораҳои марбута ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва дигар шарикони маблағгузор густариш бахшида, барои ҳарчи зудтар дастрас намудани маблағҳои пешбиникардаи онҳо чораҷӯӣ намоянд.
10. Вазорати молия барои пардохти саривақтии маблағи корҳои анҷомёфта, харидории масолеҳи сохтмон, таҷҳизот ва маводи сӯхт, инчунин, пардохти ҷубронпулии аҳолии аз минтақаи зериобшаванда кучонидашаванда тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешад.
11. Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои интиқолдиҳанда ва қабулкунандаи муҳоҷирон кӯчонидани аҳолиро аз минтақаи зериобшаванда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.
Ҳамчунин, ҷиҳати бо кор таъмин намудани муҳоҷирони кӯчонидашуда, ташкили курсҳои касбомӯзӣ барои онҳо, ба оилаҳои кӯчонидашуда ҷудо кардани қитъаҳои замин барои ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ мусоидат намоянд.
12. Хадамоти алоқа якҷо бо Ҷамъияти «Тоҷиктелеком» ва дигар ташкилотҳои дахлдор кӯчонидани хатти алоқаи махсуси нуриву нахиро аз минтақаи зериобшавандаи «Роғун» дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намояд.
13. Вазорати молия, Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ ва Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи неругоҳи барқи обии «Роғун» сари вақт ва бо сифати баланд амалӣ намудани лоиҳаи «Бунёди роҳи мошингарди 55-километраи соҳили чапи обанбор»-ро бо дарназардошти баланд гардидани сатҳи обанбори неругоҳ таъмин намоянд.
14. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ барои пешгирӣ кардани ҳолатҳои садама дар иншоот ва таъмин намудани бехатарии сохтмончиёни неругоҳ чорабиниҳои иловагиро роҳандозӣ намуда, назоратро дар ин самт тақвият бахшад.
15. Вазорати нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо корҳои сохтмони пули бузург аз болои обанбори Роғунро вусъат бахшанд.
16. Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар хусуси бо роҳхатҳо ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо таъмин намудани сохтмончиёни неругоҳи «Роғун» чораҷӯйӣ намояд.
Муҳтарам бунёдгарони неругоҳи «Роғун»!
Бори дигар иброз медорам, ки шумо дар раванди бунёди неругоҳ воқеан матонату шуҷоати бесобиқа нишон дода, сохтмони бузурги асрро, ки ифодагари ормонҳои мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ба майдони нангу номуси миллӣ, арсаи ватандориву ватанпарастӣ мубаддал кардед.
Роғун корзори воқеии нангу номус ва арсаи ҳақиқии корнамоиву фидокорӣ ба хотири ободӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Шумо дар хотир дошта бошед, ки саҳматон дар сохтмони ин иншооти барои имрӯзу фардои Ватан ҳаётан муҳим аз ҷониби наслҳои оянда чун намунаи заҳмати содиқона ба хотири рушди Ватан ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон эътироф ва қадрдонӣ хоҳад шуд.
Ҳамеша комёбу муваффақ бошед, бунёдгарони иншооти тақдирсози Ватан!