Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд 10 ва 11 ноябри соли 2024 дар партави сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоиши ҷавонони шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд таҳти унвони «Пешвои миллат-кафили саодат ва ифтихори мо ҷавонон» баргузор мегардад.
Дар доираи ҳамоиши мазкур ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт аз мавзеҳои таърихию фарҳангӣ ва сайёҳии вилояти Суғд, аз ҷумла Қасри фарҳанг, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, Қалъаи муғ ва дигар иншоотҳои ҳудуди шаҳри Истаравшан, қалъа ва Осорхонаи шаҳри Хуҷанд боздид намуда, сайри шомгоҳии ин шаҳри бостонӣ намуданд.
Дар идома барномаи фарҳангии “Шоми ҷавонӣ” дар шаҳри Гулистон пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуд. Ҳамчунин, мулоқоту вохӯрӣ ва барномаҳои фарҳангӣ бо сарбозону афсарони қисми низомии дар шаҳри Истаравшан воқеъбуда доир шуд.
Муҷиддини САЙФИДДИН,
радиои “Тоҷикистон”