Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 34-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи илмию-техникӣ ва инноватсионии ИДМ

Рузҳои 6-7 ноябри соли 2024 дар шаҳри Остона, ҷаласаи 34-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи илмию-техникӣ ва инноватсионии ИДМ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдо-аъзои Шуро  Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло иштирок намуд. Дар ин бора аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба радиои “Тоҷикистон” хабар доданд.

Дар ҷаласа масъалаҳои калидӣ вобаста ба тақвияти ҳамкории илмӣ, техникӣ ва инноватсионӣ байни кишварҳои ИДМ баррасӣ шуданд. Дар ҷаласа Насриддинзода Рухшона Ҳикматулло дар мавриди вазъи кунунии соҳаҳои илм, технология ва инноватсия гузориш дода, дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушди минбаъдаро барои таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа таъкид намудааст.

Ба иттилои манбаъ, илова бар ин, рӯзи 7 ноябр ҳайати Тоҷикистон дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Иқтидори инноватсионии ИДМ: таҷрибаи беҳтарини истифодаи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-техникӣ дар бахшҳои воқеии иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ» иштирок намуд. Дар конференсия намунаҳои муваффақи ҷорӣ намудани инноватсияҳо ба иқтисод ва бахшҳои иҷтимоии кишварҳои ИДМ баррасӣ шуданд.

Баён гардид, ки Тоҷикистон барои ҳамкории фаъолона ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи таҳқиқоти илмӣ ва инноватсия омода буда, он ба афзоиши иқтисодӣ ва ҳамгироии инноватсионӣ дар раванди рушди минтақавӣ мусоидат менамояд.