Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои рафиқона маълум гардид

Ситоди мураббиёни дастаи футболи Тоҷикистон, ҳайати мунтахаби кишварро барои бозиҳои рафиқонаи моҳи ноябр эълон карданд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) хабар медиҳад. Тавре манбаъ илова мекунад ба ҳайати мунтахаб 24 бозигар – 4 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар даъват шудааст.

Ба ҳайати тими миллии кишвар бозигарони зерин даъват шудаанд:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов (“Ростов”, Русия), Олег Баклов (“Уфа”, Русия), Муҳриддин Ҳасанов (“Истиклол”-и Душанбе), Далерҷон Баротов (“Истаравшан”);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов (“Сипоҳон” Эрон), Зоир Ҷурабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз – “Нефтчӣ”, Ӯзбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Қурбонов (ҳама аз – “Истиқлол”);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ЦСКА-1948, Булғористон), Алишер Ҷалилов, Амирбек Ҷурабоев, Эҳсони Панҷшанбе, Шервони Мабатшоев, Амадони Камолов (ҳама аз – “Истиқлол”), Алишер Шукуров (“Вахш”), Азизбек Ҳаитов (“Равшан”), Шуҳрат Элмуродов (“Регар-ТадАЗ”);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев (“Андиҷон”, Ӯзбекистон), Далер Шарипов (“Металлург”, Ӯзбекистон), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду аз – “Истиқлол”), Нуриддин Ҳамроқулов (“Вахш”),
Сармураббӣ – Гела Шекиладзе ( аз Гурҷистон).

Тими милли Тоҷикистон дар моҳи ноябр ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар бозии аввал миллипушони тоҷик муқобили дастаи мунтахаби Непал санаи 13-уми ноябр рақобат карда, дар дидори дуюм санаи 19-уми ноябр бо яккачини Афғонистон бозӣ мекунад. Ҳарду вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Душанбе сурат гирифта, соати 18:00 (бо вақти Душанбе) оғоз мешаванд.

Рустами Зоир

радиои “Тоҷикистон”

Акс аз ФФТ