“Истиқлол” имкони баромадан аз марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои 2-и Осиёро аз даст дода, “Равшан” дар як бозӣ 7 гол хӯрд

Дастаҳои Тоҷикистон – “Истиқлол” ва “Равшан”, ки кишвари моро дар Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё муаррифӣ мекунанд, дар 4 даври мусобиқа натавонистанд ҳатто як имтиёз ба даст оранд.
Шаби гузашта дастаи “Равшан” дар доираи бозиҳои даври чоруми гурӯҳи “А”, дар сафар бо дастаи “Трактор-Созӣ”-и Эрон рақобат кард. Ин вохӯрӣ дар шаҳри Табрез доир гардида, бо ҳисоби калони 7 бар 0 ба нафъи дастаи эронӣ ба охир расид.

Голҳои рақобатро Холмурод Назаров (худгол), Сокол Чикаллеши (3 маротиба), Амирҳусейн Ҳусейнзода (ду маротиба) ва Рикарду Алвеш (аз пеналтӣ) ба нишон расониданд.

Ҳоло дар гурӯҳи “А”, “Трактор-Созӣ” бо 9 имтиёз пешсаф буда, “Ал-Вақра”-и Қатар ҳарчанд ду бозӣ доир кардааст, бо 3 имтиёз дар мавқеи 2-юм ҷой дорад. “Равшан” бошад беимтиёз дар мақоми 3-юм аст.

“Истиқлол” бошад дар даври 4-уми гурӯҳи “С” бо дастаи “Ал-Веҳдат”-и Урлун рақобат карда, бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст хӯрд. Ягона голи ин рақобатро Уссейну Гуйе ба нишон расонид.
Дар бозии дигари гурӯҳи мазкур “Сипоҳон”-и Эрон бар “Ал-Шарҷа”-и АМА бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз гардид.

Пас аз 4 давр “Ал-Веҳдат” бо 10 имтиёз пешсафи гурӯҳи “С” буда, “Ал-Шарҷа” бо 7 имтиёз дар мавқеи 2-юм аст. “Сипоҳон” бо 6 имтиёз дар ҷои 3-юм қарор дошта, “Истиқлол” бе имтиёз ва бе задани гол дар мавқеи охири гурӯҳ ҷой гирифтааст ва имкони баромадан аз марҳилаи гурӯҳиро аз даст додааст.

Рустами Зоир

радиои “Тоҷикистон”