Шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» гардид

Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ» баргузор шуд, ки дар он шаҳри Душанбе сазовори «Шоҳҷоиза» гардид, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Озмун бо ташаббуси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳадафи он таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, ватандӯстӣ, ободкорӣ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.

Озмун аз рӯи номинатсияҳои «Хонаи истиқоматии беҳтарин», «Маҳаллаи аҳолинишини беҳтарин», «Деҳаи беҳтарин», «Беҳтарин деҳот», «Шаҳраки беҳтарин», «Ноҳияи беҳтарин» ва «Шаҳри беҳтарин» гузаронида шуда, ғолибони он бо «Диплом»-у мукофоти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар номинатсияи «Хонаи истиқоматии беҳтарин» хонаи Воҳид Искандаров, сокини деҳаи Рохарви Ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ соҳиби ҷойи якум шуд.

Ҷойи дуюмро Хушвахттош Заиралиев аз Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониëн ва ҷойи сеюмро Хуршед Назиров, сокини деҳаи Кушвои Ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат соҳиб шуданд.

Дар номинатсияи «Деҳаи беҳтарин» деҳаи «Равғангарон»-и Ҷамоати деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан ҷойи якумро сазовор гардид. Деҳаи Балҷувони Ҷамоати деҳоти Балҷувони ноҳияи Балҷувон сазовори ҷойи 2 ва деҳаи Чинори Ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Рӯдакӣ сазовори ҷойи 3 гаштанд.

Дар номинатсияи «Беҳтарин деҳот» Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода ҷойи якумро соҳиб гардид. Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ ҷойи дуюм ва Ҷамоати деҳоти Қалъаихуми ноҳияи Дарвоз ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.

Дар номинатсияи «Ҷамоати шаҳраки беҳтарин» Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Шаҳринав сазовори ҷойи якум шуд. Ҷамоати шаҳраки Ховалинги ноҳияи Ховалинг ҷойи дуюм ва Ҷамоати шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи сеюмро гирифтанд.

Ноҳияи Данғара дар номинатсияи «Беҳтарин ноҳия» сазовори ҷойи якум гардид. Ноҳияи Рашт ҷойи дуюм ва ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар ин номинатсия ҷойи сеюмро сазовор шуданд.

Дар номинатсияи «Маҳаллаи беҳтарини аҳолинишин» маҳаллаи Хатлони шаҳри Бохтар ғолиби ҷойи якум гардид. Маҳаллаи «Дӯстии халқҳо»-и ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи дуюм ва маҳаллаи Косатароши болои Ҷамоати деҳоти Лучоби ноҳияи Синои пойтахт соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар номинатсияи «Шаҳри беҳтарин» сазовори ҷойи якум гардид. Шаҳри Хуҷанд ҷойи дуюм ва шаҳри Ҳисор ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз соли 2022 ба роҳбарони мамлакат супориш дода шуд, ки бо истифода аз имконияту ташаббуси созандаи соҳибкорону шахсони саховатманд корҳоро дар самти бунёду навсозӣ байни деҳаҳо ва маҳалҳои аҳолинишин ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо фаъол гардонанд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз дошт, ки озмун барои вусъат бахшидан ба бунёди манзилҳои истиқоматии зебою замонавӣ, таҷдиду навсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зисти ҳар оила, кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои аҳолинишин заминаи мусоид фароҳам меорад.

Аз ҷумла, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар 10 соли оянда барои ҳар деҳа ва маҳаллаҳои аҳолинишин, ки аз 100 хоҷагӣ зиёд доранд, як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдони варзишӣ бунёд мекунад.

Бознашр аз: khovar.tj