Эмомалӣ Раҳмон: «Ба омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад»

«Корҳои фаҳмондадиҳию маърифатӣ, шарҳу тафсири илмию оммавии меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳо бо иштироки олимон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар мутахассисон ва дар ин замина ташкилу баргузор намудани барномаҳои махсус тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монда шаванд.  Аз ин лиҳоз, ба омўзиши Конститутсия ва қонунҳо дар вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ бояд эътибори ҷиддӣ зоҳир гардад». Ин матлабро имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.

Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки омӯзиши Конститутсия ва қонунҳо дар давлати ҳуқуқбунёд масъалаи меҳварии ҷомеа мебошад ва аз ҷониби тамоми қишрҳои ҷомеа бояд амалӣ карда шавад.

«Мо соли 2024-ро ба муносибати 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудем, зеро ҷавҳари маърифати ҳуқуқиро риояи меъёрҳои Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ ташкил медиҳанд»,- афзуданд Сарвари давлат.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон мебошад. Маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дар навбати худ, дар бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар нақши калидӣ дорад.  Тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба Конститутсия, риояву иҷрои қонунҳо ва таъмин намудани волоияти қонун низ аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии Соли маърифати ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар баробари ин, ҳадафи асосии баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба он равона шудааст, ки эътирофу эҳтиром, риоя ва иҷрои қонун ба ҳукми одату анъана табдил ёбад.  Зеро тавре равандҳои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ собит месозанд, танҳо ҷомеае ба пешрафту тараққиёт ноил шуда метавонад, ки дар он Конститутсия ва қонунҳо бечунучаро риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун ҳамчун арзиши муҳимми давлати ҳуқуқбунёд таъмин гардад.