Шумораи майдончаҳои варзишӣ дар шаҳри Хоруғ зиёд карда мешавад (сурат)

Дар доираи амалисозии лоиҳаи муштараки  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва шарикони  рушд тавассути сохтмони инфросохтори муҳим дар шаҳри Хоруғ  дар маҳаллаи Чухт Хоруғи ҷамоати шаҳраки ба номи Шириншоҳ Шоҳтемури шаҳри Хоруғ ду майдончаи варзишӣ бо майдончаҳои бозӣ барои кудакон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Юсуф Асадбеков, муовини  сардори Раёсати кор бо   ҷавонон ва варзиши ВМКБ

Муовини  сардори раёсати кор бо   ҷавонон ва варзиши вилоят Юсуф Асадбеков    гуфт, ки: “ Баҳри дар амал тадбиқ намудани “Барномаи маҷмуи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 -2020” корҳои назаррасеро ба анҷом расонидем. Инчунин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳоикимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ҳамкори бо шарикони рушд дар шаҳри Хоруғ 16 майдончаи варзишӣ бунёд шуда истодааст, ки майдони умумии майдончаҳо 9 миллион сомониро ташкил медиҳад. То имрӯз алакай 2 майдончаи муоссир ба истифода дода шуд.  Мақсади асосии давлат ва роҳбарияти вилоят дар он арзёбӣ мегардад, ки имрӯзҳо ҷавонон наинки дар қади куча гарданд, балки  ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим машғул шаванд“.

Тарзи  ҳаёти солими ҷавонону наврасон  дар маркази таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта,  пайваста  ҳукумати мамлакат   барои ҷалби  ҳарчи   бештари  ҷавонон  ба варзиш  ба бунёди майдончаҳои варзишӣ   ва   муҳайё намудани   шароиту  имкониятҳо  барои самаранок  гузарондани вақти  холиии ҷавонону  наврасон  корҳои назаррасе   анҷом  медиҳад.

Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чиҳати ҷалби ҳарчи бештари ҷавонону наврасон ба варзиш сурат гирифта, то имрӯз дар ҳудуди шаҳри Хоруғ 13 майдончаи муосир бунёд карда шудааст. Дар назар аст, ки то охири соли ҷорӣ  дар маркази вилоят шаҳри Хоруғ 6 майдончаи варзишӣ бо маблағи 872 ҳазор сомонӣ сохта шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор дорда мешаванд. Корҳои сохтмониро дар ин лоиҳа ширкати сохтмонии махаллӣ маҳсуб ба “Помирэнергосервис” ба уҳда гирифтааст. Ҳамчунин бо дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Хоруғ 3 майдончаи варзишӣ барои бозии футбол ва ҳамчунин 3 майдончаи дигар бо супориши бевоситаи Пешвои муаззами миллат аз хисоби дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бунёд ва мариди баҳрабардорӣ қарор дода  мешаванд.

Нуралӣ Давлат, Сафармои Маҳмадфозил

барои сомонаи радиои “Тоҷикистон”

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *