Муаррифии зарфияти сайёҳии Тоҷикистон, лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ҷалби сайёҳон дар шароити паҳншавии бемории COVID-19 имрӯз дар Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2020», ки дар Душанбе доир гардид, баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон -2020» дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, роҳбарони вазорату идораҳои мамлакат, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, олимон ва коршиносони соҳаи сайёҳӣ иштирок намуданд.
Баррасии вазъи сайёҳӣ дар замони буҳрони COVID-19, хисороти ба соҳа ва бахшҳои таркибии он расида, дастгирии соҳа дар шароити буҳронӣ ва пасобуҳронӣ, гуногунтаркибии сабади маҳсулоти сайёҳӣ, баррасии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, боло бурдани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиёти мамлакат ҳадафи асосии Форуми байналмилалии сайёҳӣ буд.
Дар маросими ифтитоҳи расмии Форум муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид изҳор намуданд, ки мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кӯлҳо, олами бои набототу ҳайвоноти нодир, инчунин кӯҳҳои баланд заминаи муҳими рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, соҳаи сайёҳӣ ба сифати манбаи боэътимоди рушди иқтисодиёти миллӣ арзёбӣ мегардад.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои муассир меандешанд. Дар ин росто, бо дарназардошти аҳамияти ин соҳаи калидӣ дар рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат он ҳамчун самти афзалиятноки рушд дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 дарҷ гардида, Пешвои миллат дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба вусъат бахшидани сиёсати давлатӣ дар ин самти стратегӣ ба сохтору мақомоти марбута дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Ин аст, ки солҳои 2019-2021 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, дар доираи он бо мақсади рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат даҳҳо иншооти муосир дар бахши сайёҳӣ дар минтақаҳои гуногуни мамлакат бунёд гардидааст.
Дар Форуми байналмилалии сайёҳӣ «Тоҷикистон -2020» ҳамзамон Котиби генералии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ – Зураб Пололикашвилӣ тариқи фосилавӣ, роҷеъ ба мушкилот ва дурнамои соҳаи сайёҳӣ, инчунин роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс, менеҷери генералии Департаменти иттилооти Федератсияи ҷаҳонии шаҳрҳои сайёҳӣ (WTCF) Ричард Матузевич сухан намуданд.
Дар бахши сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳии Тоҷикистон оид ба муаррифии лоиҳаи «Неруи барқи таҷдидшаванда ва иқтисоди сабз» (АСТЕD) – намояндаи АКТЕД дар Тоҷикистон Сергей Чутков ва оид ба вазъи соҳаи сайёҳӣ ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолидин Муминзод, директори меҳмонхонаи Серена — Душанбе Филип Дуклер доир ба таъсири COVID-19 ба бахши меҳмонхонадорӣ, дар бахши рушди сайёҳии солимгардонӣ ва авлавияти бозори сайёҳии Тоҷикистон, омӯзиши авлавияти бозори сайёҳӣ мудири кафедраи сайёҳӣ ва хизматрасонии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Россия Зулфия Асророва маърӯза намуданд.
Мусаллам аст, ки баргузории Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон-2020» ба тақвияти табодули таҷриба дар бахши сайёҳӣ, муаррифии имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат намуда, доираи ҳамкориро бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои марбутаи байналмилалии соҳавӣ тавсеа мебахшад. Ҳамзамон он ба рушди босуръати сайёҳӣ дар мамлакат таъсири мусбат расонида, ҳамчун бренди сайёҳӣ муаррифӣ мегардад.
Дар доираи Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон -2020» ҳамчунин намоишгоҳи имконоти сайёҳӣ ва армуғонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Макони намоишгоҳ бо усулҳои хоси миллӣ ва муосир оро дода шуда, дар он ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имконоти сайёҳии мамлакатро ба намоиш гузоштанд.
Намоишгоҳи мазкур ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, барои муаррифии имконоти сайёҳии табобатию экологӣ, таърихию фарҳангӣ, кӯҳнавардӣ ва шикор, арзёбии сафар ва саёҳат ба Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин таҳким ва банақшагирии ҳамкории муштарак байни ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва шарикони дохилию хориҷӣ имконияти васеъ фароҳам меорад.
Дар интиҳои Форуми байналмилалии сайёҳии «Тоҷикистон -2020» Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷидин Ҷӯразода иштирокдорони ҳамоишро бо дурнамо ва нақшаҳои ояндаи Кумитаи рушди сайёҳи шинос намуда, зикр кард, ки Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушду тавсеаи бахши сайёҳии мамлакат аз тамоми шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода намуда, омодаи ҳамкорӣ бо тамоми вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, созмонҳои байналмилалӣ, корпусҳои дипломатӣ ва шарикони рушд мебошад.