Баргузории Форуми байналмиллаии сармоягузорӣ-содиротии “Хатлон-инвест” ва Намоишгоҳи ‘Бохтар Фуд-2024″

Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Форуми байналмиллаии сармоягузорӣ-содиротии “Хатлон-инвест” баъд аз Намоишгоҳи ‘Бохтар Фуд-2024″ оғоз гардид.

Дар он аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид имкониятҳои сармоягузории вилоят муаррифӣ карда шуд. Номбурда аз ҷумла таъкид дошт, ки маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии вилоят аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, метавонад дар бозорҳои хориҷи кишвар мавқеи мустаҳкаме пайдо кунад. Имруз дар вилоят се минтакаи иқтисодии озод арзи ҳастӣ мекунад, ки имтиёзҳои барои сармоягузорон мавҷудбуда имкони хубест барои таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ.

Баъдан муовини сарвазири ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода меҳмонони хориҷиро бо дастгириҳои давлатии сармоягузорону соҳибкорон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ ошно намуда, даъват ба амал овард, ки созишномаҳои нав ба иизо расанд ва ҳамкориҳо рушд кунанд.

Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода низ дар суханони ифтитоҳӣ зикр намуд, ки маҳз бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол иқтидори солиротии самлакат меафзояд. Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025 низ ба хотири диверсификатсияи содирот ва ҷалби сармоя қабул карда шуда, маҳз дар асоси ин барнома баргузории форуму намоишгоҳҳо ба нақша гирифта шуда буданд.

Азбаски вилояти Хатлон содиркунанади асосии маҳсулоти кишоварзӣ мебошад, тайи чанд соли охир дар ин ҷо форумҳо баргузор мегарданд. Соли гузашта зиёда аз 17 созишнома ба иизо расида буд ва дар форуми имрӯза баимзорасии зиёда аз 30 созишнома дар назар аст. Дар Форуми сармоягузорӣ-содироти ‘Хатлон-инвест” содиркунандагони беҳтарин бо сипоснома ва маблағҳои пулӣ сарфароз гардиданд.

Шоистаи Аҳмад,
радиои “Тоҷикистон”
шаҳри Бохтар