Дирӯз, дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе чорабинии идона бахшида ба “Рӯзи омӯзгорон” бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе – Исмоилзода Баҳром Мансур, муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа – Аминзода Манижабону, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Боронзода Давлатманд, раиси суди ноҳия, раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Душанбе – Ҷӯраев Нигина, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ – Қурбонзода Убайдулло, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Кучарзода Ҳусния Аламхон, собиқадорони соҳаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва омӯзгорони фаъол ширкат варзиданд.
Нахуст, мудири шуъбаи маорифи ниҳияи Исмоили Сомонӣ Кучарзода Ҳусния Аламхон ҳозиринро ҷиҳати ташриф овардан ва ширкат намудан дар ин чорабинии бошукӯҳ хайрамақдам гуфта, сипас муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ сарпарасти соҳа – Аминзода Манижабону, аҳли толорро ба санаи муҳими таърихӣ яъне “Рӯзи омӯзгорон” шодбош гуфтанд. Дар идома сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур баромад намуда, иброз доштанд, ки ҳамасола якшанбеи ҳафтаи аввали моҳи октиябр дар Тоҷикистон “Рӯзи омӯзгорон” таҷлил мегардад. Ба ин хотир соҳаи мактабу маориф ва фаъолияти омӯзгор дар саргаҳи афкори сарвари давлат қарор дошта, пайваста барои ҳалли масъалаҳои мубрами соҳа амалӣ мешавад.
Ҳамзамон бо мақсади арҷгузорӣ ба заҳматҳои омӯзгорон 14 нафар бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 5 нафар бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 12 нафар бо “Ифтихорнома”-и Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 10 нафар бо “Сипоснома”-и ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва 50 нафар омӯзгорони собиқадор бо тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби санъаткорон, ҳунармандон ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Исмоили Сомонӣ барномаи фарҳангии фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
М. Пардаев
радиои “Тоҷикистон”