Нокомии «Истиқлол» ва муосвии «Хуҷанд»-у «Равшан» дар Ҷоми Тоҷикистон

Бозиҳои даври аввали марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ғалабаи «Регар-ТадАЗ» бар «Истиқлол» ва муосвии «Хуҷанд» бо «Равшан» ба охир расид.

Рӯзи гузашта бозиҳои аввали марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии аввал, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода рақобат карда, бо ҳисоби 0 бар 2 ноком гардид.

Голҳои «Регар-ТадАЗ»-ро дар ин вохӯрӣ бозигарони хориҷӣ Ҷозеф Фаумба ва Квадво Фримпонг ба самар расониданд.

Бозии дигари ин марҳила миёни дастаҳои «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи «Спартак»-и шаҳри Хуҷанд доир гардида, бо ҳисоби мусовӣ, 1 бар 1 ба охир расид.

Ҳамакунун дар бозиҳои ҷавобӣ маълум хоҳад гашт, ки кадом дастаҳо ба финал роҳ меёбанд.

Рустам Зоиров

радиои “Тоҷикистон”