Нақши оила дар тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими Истиқлолият

 Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони азизи мо 33 солагии Истиқлоли давлатии худро ҷашн гирифт.  Тоҷикистон дар тӯли 33 сол тавонистааст ба комёбиҳои беназир ноил бигардад.   Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмҳои худ ҳамасола  дар мавриди оила, масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд,  ватандӯстиву хештаншиносӣ ва нақши он дар ҳаёти сиёсии ҳукумату давлати Тоҷикистон андешаронӣ намуда, таъкид мекунад,  ки: «Яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати имрӯзаи ҳукумату давлати Тоҷикистон – ин таъмини ҳаёти солими насли муосир ва дар ин замина тарбияи ворисони арзандаи миллат аст».

 Пешрафти ҷомеаи мо аз оилаи солиму бофарҳанг, фарзандони бонангу номус ва фарзонаи миллат, инчунин ватандӯстиву хештаншиносии насли наврас ва ҷавонон вобаста аст. Ва нақши оила дар тарбияи ватандӯстии фарзандон ва таҳкими истиқлолият хеле бузург аст. Оила шаҳсутуни давлат мебошад. Дастовардҳои Истиқлолият буд, ки ба фарзандони мо озодӣ дод. Имрӯз онҳо метавонанд озодона таҳсил ва зиндагӣ кунанд, аз техникаву технологияи замонавӣ истифода намоянд. “Ҳар як оила кӯшиш намояд, ки фарзандон боақлу заковат бошанд, онҳоро дар рӯҳияи ватандустӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намоянд”– мегӯяд Гулшан Нурова, муаллимаи мактаби миёнаи рақами 38-и шаҳри Душанбе. Ӯ иброз намуд, ки: “Истиқлолият ба фарзандони мо озодӣ дод. Имрӯз онҳо метавонанд озодона бо забонҳои хориҷӣ гуфтугӯ карда, аз техникаву технологияи замони муосир бархудор бошанд. Онҳо метавонанд дар маҳфилу чорабиниҳои давлатӣ ва мусобиқаву озмунҳои байналмиллалӣ ва ҷаҳонӣ иштирок карда, парчами давлатии Тоҷикистонро боло бардоранд. Фарзанд барои падару модар беҳтарин неъмат аст. Аз ин рӯ, ҳар як падару модар барои соҳибмаълумот шудани фарзандони худ саъю кӯшиш намояд. Дар идомаи сӯҳбат ӯ таъкид намуд, ки: “Мо соҳибистиқлолем ва занон дар ватани соҳибистиқлоли мо нақши муҳим доранд. Онҳо дар ҳама соҳаҳои ҷамъиятӣ нақшофаранд  ва ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дасти диёри имллату давлат бошанд. Ҳар як зан бояд соҳибмаълумоту донишманд  бошад. Оилаеро бунёд намояд, ки дигар оилаҳо ибрат гиранд ва тавонанд, ки ба воситаи донишу маърифати худ баҳри таълиму тарбияи насли нав ҳиссагузор бошанд”.

Оилаи хуб барои қонеъ гардонидани талаботи асосии инсонӣ шароитҳои беҳтаринро фароҳам меоварад. Ва барои ҳифзу нигаҳдошти Тоҷикистони азиз оила ҳамчун узви ҷомеа нақши муҳим дорад. Яъне волидайн вазифадор аст, ки фарзандони хешро  дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, одаму одамгарӣ тарбия намуда, баҳри ҳифзу нигаҳдошти Ватани маҳбуб ва таҳкими истиқлолият талқин намоянд.  Вақте падару модар оила фарҳангу маърифати оиладориро риоя менамояд, фарзандони бомаърифатро ба воя мерасонад.  Ҷомеашинос Хилватшоҳ Маҳмуд дар ин маврид андешаронӣ намуда, иброз менамояд, ки: “Оила ячейкаи аввалини давлатдорист ва ҳар коре, ки дар оила анҷом дода мешавад, ё талқин мешавад, баъдан ба боғча меравад, ба мактаб ва ба дабистонҳои олӣ интиқол дода мешавад. Оила як ҷузъи гусастанашавандаи ячейкаи давлатӣ дар истиқлоли фикрии шаҳрвандон, кӯдакон ва ояндаи мо саҳм дорад. Боиси тазаккур аст, вақте падару модар тарбиятдидаанд, фарзандони онҳо ҳам тарбияи хуб мегиранд ва дар ҷомеа зуд мавқеи худро пайдо мекунанд. Ин аз истиқлоли воқеии онҳо дарак медиҳад. Кӯдак дар хона чи гунае, ки тарбия меёбад, дар боғча ва дабистон ҳам бо ҳамон тарбия муносибат мекунад. Азбаски падарон бештар берун аз хона дар кору фаъолияти худ ҳастанд, таълиму тарбияи фарзандон аслан ба дӯши занону модарон аст. Ва қадамҳои аввалинро, иқдомҳои аввалинро дар мавриди истиқлол дар мавриди мустақилият ва шахсият занону модарон меомӯзанд. Яъне сарчашмаи тарбия аз оила аст, ки фарзандонро тарбия карда эҳдои ҷомеа мегардонад”- мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Бузургон барҳақ гуфтаанд: «Ҳар касе, ки фарзандашро хуб тарбият кунад, метавонад мамлакатеро идора намоянд».       

Имрӯз чуноне ҳамаи мову шумо огоҳ ҳастем ва ҳамарӯза бо чашми худ мебинем, дар кӯчаҳои пойтахтамон шаҳри Душанбе, ки ҳамаи зебоиҳо ва арзишҳои миллӣ зиннатбахши ин шаҳри маҳбуб аст, баъзе аз ҷавонону наврасон ба поймол кардани онҳо роҳ медиҳанд. Шохи дарахтонро мешикананд. Гулҳои рангоранге, ки ҳусни шаҳри азизамонро боз ҳам зеботар мегардонад, онҳоро поймол мекунанд. Ба кӯчаҳо ва обҳои ошомиданӣ партовҳоро мепартоянд. Дар кӯчаҳои шаҳр бо овози баланд хандида беодобӣ мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тарбия аллакай дар оила суст аст. Яъне сабаби асосӣ бетараф будани волидон дар тарбияи кӯдакон ва ҷавонону наврасон аст. Ва ин ҷавонону наврасон аз ҳама арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти кишвари азизамон бархӯрдор нестанд. Чунин рафтору муносибати фарзандон аз беаҳамиятӣ ва бемасъулиятии волидон дарак медиҳад. “Тарбия аз оила сарчашма гирифта, бар ӯҳдаи зан-модар аст”-иброз медорад  корманди Академияи идоракунии давлатии назди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунавша Ғаниева: Ба ақидаи ӯ тарбия аслан аз оила сар мешавад ва тарбиятгари аввалини инсон  модар аст.  Дар замони мо тарбияи меҳанпарастӣ, ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ дар замони ҷаҳонишавӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад, нақши падару модар дар ҷойи аввал меистад. “Чи гуна метавон фарзандонро ба дӯст доштани Ватан омода кард? Яъне пеш аз ҳама дӯст доштану ҳифз кардани арзишҳои миллӣ аз тозагии гирду атрофи хона, ки мо онҷо истиқомат мекунам, оғоз меёбад. Мо бояд ҳамарӯза ба фарзандон таъкид кунем, ки  дар кӯчаҳои шаҳр ва ба обҳои соф партов напартоянд. Чаманзорро поймол накунанд. Шохи дарахтонро нашикананд. Дӯст доштани Ватан аз ана ҳамин чизҳо оғоз мешавад.  Ва ана ҳамин нозукиҳоро падару модар боис мегардад, ки фарзанд чи гуна бояд ба чизҳои дар гирду атрофаш буда муносибат кунад. Агар падару модар ҳамин чизро дуруст ба роҳ монда тавонад, ҳеҷ вақт фарзандон тарбияи нодурурст намегиранд ва Ватанро самимона дӯст медоранд. гуфт Бунавша Ғаниева. Ӯ ақида дорад, ки: “Ба фарзандон фаҳмондан даркор аст, ки Ватан оғоз мешавад аз ҳамон зодгоҳ, ки ӯ ба дунё омадааст.  Ватани мо ин Тоҷикистон аст. Ҳимояи марзу буми Ватан ба дӯши ҷавонписарон аст. Аз ин рӯ падару модарон ҷавононро барои хизмат ба халқу Ватан омода созанд. Худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву сулҳпарварӣ ва самимона дӯст доштани меҳани худ аз тарбияи дурусти хонавода оғоз мегардад. Вақте фарзанд дар ҳамин рӯҳия тарбия мегирад, калон мешавад, дар ниҳоди вай, дар шуури вай дӯст доштани Ватан, ифтихори миллӣ воло мегирад. Агар инсон ватани худро дӯст медорад, ӯ аллакай ба ҳама кор қодир аст, барои ҳимояи Ватани худ. Хуб мешавад, ки ҷавонон ҳисси баланди худшиносӣ ва ифтихори миллӣ дошта бошанд. Фахр аз он кунанд, ки чунин як ватани маҳбубу дилоро доранд. Ва мо умед дошта бошем, ки оянда Ватани мо дар дасти ҷавонони созандаву бунёдкор аст”.

Истиқлолият ба шаҳрвандон садоқат ба Ватан, ба халқ ва тарбияи насли наврасро тақозо намуд. Бе оилаи солим мавҷудияти ҷомеаи солим ғайриимкон аст. Маҳз таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушди ҷомеа ва мустаҳкамии қудрати давлат ба шумор меравад. Муҳити оила, вақте ки солим аст, ҷомеа низ пешрафта мешавад. Фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия мегиранд. Оила вазифадор аст, ки баҳри таҳким ва густариши Истиқлолияти миллӣ ҳиссагузор бошад. Фарзандони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намояд, то ин ки онҳо дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифз намоянд ва номбардори миллату давлат бошанд.

Истиқлолият саодати миллати мо мебошад. Маҳз тавассути  Истиқлолият, сулҳу созандагӣ рушду нумӯи кишвари мо таъмин мегардад. Мо бояд шукрона аз он кунем, ки дар фазои кишвари мо сулҳу субот ҳукмфармоӣ дорад. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Истиқлолияти давлатиро пос дорем. Ба қадри ҳар зарраи хоку қатраи оби ин диёри маҳбуб бирасем. Пас, ҳар лаҳзаю ҳар соату ҳар рӯзи бетараф будани мо ва ё таълиму тарбия ва талқини ватандӯстиву меҳанпарастиро ба рӯзи дигар вогузоштану паси тиҷорату муҳоҷират рафтан ё ҳамаро бар дӯши мактабу омӯзгор вогузор кардан шояд ҷомеаро ба қафо гардонад. Албатта, падару модар бояд масъулияти худро донанд. Наслеро ба воя расонанд, ки фардо бунёдкору созанда ва дӯстдори ин меҳани маҳбубу миллати хеш бошанд ва  ифтихор аз он кунанд, ки чунин як Ватани маҳбубу муқаддас  доранд.

                                     Зарина Мухторзода,

радиои “Тоҷикистон”