Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар МТМУ рақами 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Имрӯз ҳам довталабони озмун бо таёрии ҷиддӣ омада, дар синфхонаҳои алоҳида аз рӯйи ҳафт номинатсия миёни ҳам донишозмоӣ намуданд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз соли 2021 инҷониб таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор мешавад. Шонаврӯз Самизода аъзои ҳакамони озмун аз номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ мебошад. Ӯ зимни сӯҳбат ба мо гуфт, ки сол аз сол шумораи иштирокчиёни озмун зиёд гардида, лоиҳаву ихтирооти пешниҳоднамудаи онҳо низ сатҳу сифати беҳтаре пайдо намудааст.
Маврид ба зикр аст, ки танҳо дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» шоҳзоиза пешниҳод шудааст, ки ин ҳолат таваҷҷӯҳи ҷавонону наврасонро ба ихтироъкорӣ ҷалб намудааст. Хушбахт Мирзовалиев магистранти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон буда, соли дуюм аст, ки дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ иштирок менамояд. Ӯ дар озмун лоиҳаи конструксияеро пешниҳод намудааст, ки бо истифода аз он кори муҳаррики нақлиётҳо дучанд гардида, истифода аз моеъҳои сӯзишвориро кам мегардонад.
Иштирокчии дигари Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ Ҳасанҷон Замонов донишҷӯи курси 4 – уми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мебошад. Ӯ дар озмун лоиҳаи дастгоҳи панелии шинокунандаи офтобиро пешниҳод кардааст, ки бо истифода аз он тавлиди иловагии энергияи барқро ба роҳ мондан мумкин аст.
Бояд гуфт, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён ҷараёни даври сеюми озмун пурра ба навор гирифта шуда, тариқи шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ инъикос шавад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”